Пизишкиён : Имрӯз ба баракати хуни Раҳбари шаҳид , миллати Эрон мунсаҷимтару якпорчатар шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125068-Пизишкиён_Имрӯз_ба_баракати_хуни_Раҳбари_шаҳид_миллати_Эрон_мунсаҷимтару_якпорчатар_шудааст
Порс тудей - раиси ҷумҳурии Эрон бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардӣ ва ҳимоятҳои давлату миллати Тоҷикистон бо таъкид бар пайвандҳои амиқи торихӣ , фарҳангӣ ва забонии ду кишвар , хостори густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Теҳрон ва Душанбе шуд.
(last modified 2026-07-04T03:29:03+00:00 )
Июл 04, 2026 08:25 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён-раиси ҷумҳури Эрон дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон
    Масъуди Пизишкиён-раиси ҷумҳури Эрон дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Порс тудей - раиси ҷумҳурии Эрон бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардӣ ва ҳимоятҳои давлату миллати Тоҷикистон бо таъкид бар пайвандҳои амиқи торихӣ , фарҳангӣ ва забонии ду кишвар , хостори густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Теҳрон ва Душанбе шуд.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, Масъуди Пизишкиён-раиси ҷумҳури Эрон дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳаш, ки ба манзури ширкат дар ойини ташйиъу бузургдошти Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ ба Теҳрон сафар кардаанд, бо ишора ба пайвандҳои амиқи торихӣ , фарҳангӣ , забонӣ ва тамаддунии миёни ду кишвар, изҳор дошт : Ҷумҳурии исломии Эрону Ҷумҳурии Тоҷикистон фаротар аз ду кишвари дӯсту ҳамсоя , ду миллати бархурдор аз решаҳои муштараки фарҳангӣ ва ҳувиятӣ ҳастанд ; аз ҳамин рӯ  Эрон , хонаи дувуми мардуми Тоҷикистон ва Тоҷикистон низ сарзамини дувуми миллати Эрон ба шумор меравад.

Пизишкён бо ишора ба таҷовузоти ахири Амрикову режими саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон , ин иқдомотро орӣ аз ҳар гуна машрӯъияти ҳуқуқӣ ва муғойир бо усӯли бунёдини ҳуқуқи байналмилал донист ва тасреҳ кард : Дар ҷараёни ин ҳамалот Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ , ҷамъе аз фармондеҳон , донишмандон , масъӯлону шаҳрвандони бегуноҳ аз ҷумла донишомӯзон ба шаҳодат расиданд ва бахшҳое аз зерсохтҳои кишвари Эрон ҳадаф қарор гирифт ; ин дар ҳоле буд, ки Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳусни ният ва аз масири гуфтугу ва дипломосӣ дар паи рафъи нигарониҳои матраҳшуда аз сӯи тарафҳои муқобил буд.

Раиси Ҷумҳурии Эрон бо интиқод аз сиёсатҳои бесуботкунандаи режими саҳюнистӣ дар минтақа афзуд : Режими саҳюнистӣ аз ибтидо дар минтақаи мо яке аз омилҳои аслии ноамнӣ ва таниш буда ва дар айни ҳол талош кардааст дигаронро омили бесуботӣ муаррифӣ кунад.

Пизишкиён бо ишора ба аҳдофи тарроҳони таҷовузи ахир алайҳи Эрон хотирнишон кард : Душманон тасаввур мекарданд бо ҳамла ба Ҷумҳурии исломии Эрон ва шаҳодати раҳбари Инқилоб , Эрон дучори тазалзул(фурупошӣ) хоҳад шуд , аммо натиҷаи ин иқдом чизе ҷуз инсиҷом , ҳамбастагӣ ва ваҳдати бештари миллати Эрон набуд. Миллати Эрон бо ҳузури густарда ва ҳимояти қотеъ аз кишвару низоми худ , бори дигар иқтидори миллӣ ва инсиҷоми иҷтимоии худро ба намоиш гузошт.

Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон низ бо истиқбол аз раванди рӯ ба рушди муносиботи ду кишвар, изҳор дошт: Ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар солҳои ахир дар тамомии ҳавзаҳо раванди рӯ ба густариш дошта ва ҳаҷми мубодилоти иқтисодии ду кишвар таи панҷ соли гузашта рушди қобили таваҷҷӯҳеро таҷриба кардааст. Бо ин ҳол  зарфиятҳои мавҷуд бисёр фаротар аз сатҳи кунунии равобит аст ва бояд аз ин фурсатҳо барои тавсеаи ҳамкориҳои муштарак баҳра гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз омодагии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои сармоягузорӣ , кишоварзӣ , саноъат , роҳсозӣ , нақлиёту боркашонӣ ва бахшҳои иқтисодӣ хабар дод ва бар зарурати иҷрои комили тавофуқоту тафоҳумоти дуҷониба таъкид кард.

  Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо ишора ба таҷовузоти ахир алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон , ин иқдомотро муғойир бо усӯлу қавоиди шинохташудаи байналмилалӣ донисту афзуд : Банда шахсан шабонарӯз ва бо нигаронӣ таҳаввулоти марбут ба Эронро дунбол мекардам . Мо худро бо миллати Эрон як миллат ва як хонавода медонем ва эҳсос мекардем ин таҷовуз на фақат алайҳи Эрон , балки алайҳи ҳамаи мо сурат гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба гуфтугуҳои худ бо мақомоти амрикоӣ тасреҳ кард : Борҳо таъкид кардаем, ки забони зӯр , таҳдид ва ҷанг ҳаргиз наметавонад миллати Эронро водор ба ақибнишинӣ кунад. Миллати Эрон миллати тамаддунсоз , решадор ва бархӯрдор аз пешинаи дурахшон дар таърихи башарият аст ва дар тӯли таърих низ буҳронҳои бисёр бузургтареро бо муваффақият пушти сар гузоштааст.

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон нақши Ҷумҳурии исломии Эрон дар суботу амнияти минтақаро муҳиму таъйинкунанда тавсиф кард ва гуфт : Миллатҳои минтақа ба хӯбӣ ҷойгоҳи Эрон дар ҳифзи сулҳ , амният ва таъодули минтақаиро дарак кардаанд ва таҳаввулоти ахир бори дигар аҳамияти ин нақшро ошкор сохт .

Эмомалӣ Раҳмон ваҳдат , инсиҷоми миллӣ ва ҳамбастагии миллати Эронро бузургтарин сармояи Эрон донист ва хотирнишон кард : Ончи миллати Эрон дар ин рӯзҳои душвор ба намоиш гузошт , нишон дод, ки қудрати воқеии кишварҳо танҳо дар тавони низомӣ хулоса намешавад , балки дар ҳамбастагии миллӣ , боварҳои муштарак ва пайванди амиқи мардум бо сарнавишти кишварашон реша дорад. Тоҷикистон дар рӯзҳои сахт дар канори Ҷумҳурии исломии Эрон будааст ва дар оянда низ ин ҳимояту ҳамроҳиро идома хоҳад дод.