Боздошти миёнарави парвандаи Бобаки Занҷонӣ
Додситони умумӣ ва инқилоби Теҳрон аз боздошти ҳамдасти парвандаи Бобаки Занҷонӣ хабар дод.
Ба иттилои пойгоҳи иттилоърасонии додсарои умумӣ ва инқилоби Теҳрон, Аббоси Ҷаъфарии Давлатободӣ, додситони Теҳрон бо ишора ба боздошти А.З.М, яке аз муттаҳамони муртабит бо парвандаи Бобаки Занҷонӣ гуфт: Муттаҳами боздоштшуда, миёнарави фаъолиятҳои муҷримонаи Бобаки Занҷонӣ маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи Давлатободӣ, ин муттаҳам шаш сол қабл бо Бобаки Занҷонӣ ошно шуд ва бо нуфузе, ки дар кишвари Малайзия дошт, муваффақ шуд, муҷаввизи фаъолияти бонки “First Islamic international bank”-ро барои иқдомоти муҷримонаи Бобаки Занҷонӣ ахз кунад ва ин бонкро ба маблағи чаҳор миллион доллар барои Занҷонӣ бихарад.
Додситони Теҳрон аз талоши нерӯи интизомии Эрон барои истирдоди муттаҳами мазкур қадрдонӣ кард.
Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, А.З.М, ки дар Малайзия зиндагӣ мекард ва мақоми иёлотӣ ва салтанатии "Дато”-ро дар ин кишвар дарёфт карда буд, пас аз боздошти Бобаки Занҷонӣ аз бозгашт ба Эрон худдорӣ кард ва ба ҷумҳурии Доминика дар дарёи Кариб рафт, аммо фишорҳои сиёсии расонаҳои доминикаӣ дар канори иқдомоти полиси байналмилал боис шуд, давлати ин ҷазира кишвар, вайро таҳвили полиси байналмилал диҳад.
Додситони умумӣ ва инқилоби Теҳрон ҳамчунин ба ҳамаи афроде, ки ба ҳар наҳве амволи муртабит бо Бобаки Занҷониро дар тасарруф доранд, ҳушдор дод, пеш аз онки додситонӣ ба суроғи онҳо биравад, амволро таҳвил диҳанд.