Трамп аз ҳабсҳои тӯлонимуддат барои хабарнигорони ифшогари амрикоӣ хабар дод
Порс Тудей - Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки аз ифшогарии расонаҳои амрикоӣ дар хусӯси камбуди таслеҳоту мӯшакҳои ин кишвар асабонӣ шудааст, эълом кард, ки ҳабсҳои тӯлонӣ барои ин «изҳороти хоинона» эъмол мекунад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Доналд Трамп дар тозатарин изҳороти худ, муддаӣ шуд, ки Иёлоти муттаҳида дорои захоири азиме аз муҳимот, бавижа анвоъи хоссе аз онҳо аст. Ин изҳороти Трамп дар вокуниш ба ифшогариҳои бархе расонаҳои матраҳи Амрико сӯрат гирифтааст, ки аз камбуд ё фиқдони бархе мӯшакҳои таҳоҷумӣ ва раҳгир дар новгони таслеҳотии Амрико ба иллати ҷанг бо Эрон хабар дода ва онро як буҳрони амниятӣ қаламдод кардаанд.
Трамп бидуни ишора ба замони мавриди ниёз барои тавлиди бисёре аз мӯшакҳои амрикоӣ, аз ҷумла мӯшакҳои раҳгирии THAAD ва Patriot муддаӣ шуд, ки мақодири зиёде аз муҳимоти тавлид шуда ва бар асоси ниёз ба Амрико ирсол шудааст.
Раисиҷумҳури Амрико афзуд, ки ширкатҳои дифоӣ дар ҳоли кор барои эҷоди бештарин теъдоди корхона ва таъсисоти тавлидӣ дар таърихи ин кишвар ҳастанд.
Вай бо нодида гирифтани асли озодии баён сароҳатан эълом кард, ки Вашингтон дар ҳоли ҳозир таъқиби ифшогароне, ки «изҳороти хоинона» мунташир мекунандро, оғоз карда ва талош хоҳем кард то муҷозотҳои ҳабси тӯлонимуддатро барои онҳо эъмол кунем.
Шабакаи «СБС нюз»-и Амрико ба тозагӣ ба нақл аз ду манбаи огоҳ гузориш дод, ки Иёлоти муттаҳида дар ҷараёни ҷанг бо Эрон, тақрибан тамоми захираи ҷаҳонии худ аз мӯшакҳои дақиқи дурбурд, бавижа тамоми мавҷӯдии мӯшакҳои "Atcoms-ро масраф кардааст.
Пеш аз ин низ СНН ба нақл аз манобеи огоҳ эълом кард, ки артиши Амрико аз замони оғози ҷанг бо Эрон, ҳудӯди 80 дарсад аз захоири мӯшакҳои сомонаи падофандии THAAD ва наздик ба ниме аз мӯшакҳои Патриотро масраф кардааст.