Ҳамлаи мушакии Яман ба фурудгоҳи «Малик Холид»-и Ар-Риёз
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125662-Ҳамлаи_мушакии_Яман_ба_фурудгоҳи_Малик_Холид_и_Ар_Риёз
Порс тудей– Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз анҷоми ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии «Малик Холид» дар Ар-Риёз хабар дод.
(last modified 2026-10-08T08:18:51+00:00 )
Октябр 08, 2026 13:11 Asia/Dushanbe
  • Сартип Яҳёи Сареъ сухангӯи расмии нерӯҳои мусаллаҳи Яман
    Сартип Яҳёи Сареъ сухангӯи расмии нерӯҳои мусаллаҳи Яман

Порс тудей– Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз анҷоми ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии «Малик Холид» дар Ар-Риёз хабар дод.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо Сартип Яҳёи Сареъ, сухангӯи расмии нерӯҳои мусаллаҳи Яман, изҳор дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо истифода аз мушаки баллистикӣ фурудгоҳи байналмилалии «Малик Холид»-ро дар Ар-Риёз бомуваффақият ҳадаф қарор доданд.

Сареъ бори дигар ба ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ дар бораи идомаи парвозҳо дар фазои ҳавоии Арабистони Саудӣ (ба истиснои фазои болои шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина) ҳушдор дод ва қайд кард, ки ин минтақа ба майдони амалиёти низомӣ табдил ёфтааст.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман афзуд, ки нерӯҳои яманӣ ҳамчунин бо истифода аз чанд мушаки баллистикӣ, маҳалли таҷаммӯъ ва нуқтаҳои сафарбарии нерӯҳои душмани саудиро дар урдугоҳи низомии «Ал-Қава» дар минтақаи «Рас-ал-Ара» ҳадаф қарор доданд.

Ӯ таъкид кард, ки ҳадафҳо мустақиман мавриди зарба қарор гирифтанд, ки дар натиҷа талафоти зиёди ҷонӣ ба бор омад ва чандин анбори силоҳ нобуд гардид.

Сартип  Сареъ изҳор дошт, ки ин ҳамла ҳамзамон бо зарбаҳо ба маҳалли таҷаммӯъ ва нерӯҳои кумакии душмани саудӣ дар ҷануби «Боб-ул-Мандаб» ва инчунин дар минтақаҳои «Ал-Суқя» ва «Рас-ал-Ара» бо истифода аз як қатор мушакҳои баллистикӣ анҷом дода шуд.