Ароқчӣ: CENTCOM наметавонад мардумро то абад фиреб диҳад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125658-Ароқчӣ_centcom_наметавонад_мардумро_то_абад_фиреб_диҳад
Порс Тудей– Дар вокуниш ба пинҳон кардани хисороти воридшуда ба артиши Амрико аз ҷониби Фармондеҳии марказии низомии Амрико (CENTCOM), вазири корҳои хориҷии Эрон дар паёме навишт: "Шумо наметавонед мардумро то абад фиреб диҳед."
(last modified 2026-10-08T08:06:01+00:00 )
Октябр 08, 2026 12:48 Asia/Dushanbe
  • Ароқчӣ: CENTCOM наметавонад мардумро то абад фиреб диҳад
    Ароқчӣ: CENTCOM наметавонад мардумро то абад фиреб диҳад

Порс Тудей– Дар вокуниш ба пинҳон кардани хисороти воридшуда ба артиши Амрико аз ҷониби Фармондеҳии марказии низомии Амрико (CENTCOM), вазири корҳои хориҷии Эрон дар паёме навишт: "Шумо наметавонед мардумро то абад фиреб диҳед."

Порс Тудей– Дар вокуниш ба пинҳон кардани хисороти воридшуда ба артиши Амрико аз ҷониби Фармондеҳии марказии низомии Амрико (CENTCOM), вазири корҳои хориҷии Эрон дар паёме навишт: "Шумо наметавонед мардумро то абад фиреб диҳед."

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Саййид Аббоси Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон навишт: "Моҳи май Хадамоти таҳқиқотии Конгресси Амрико эътироф кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон 42 ҳавопаймои низомии Амрико-ро аз кор андохтаанд. Ҳоло ин рақам ба 81 расидааст. Шумораи воқеӣ хеле бештар аст."

Ароқчӣ навишт: "Далел чист? CENTCOM ҳатто ба як сенатор иҷозат намедиҳад, ки аз пойгоҳҳое, ки дар онҳо вазъиятро комилан муқаррарӣ меномад, боздид ва онҳоро тафтиш кунад."

Вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кард: "Шумо наметавонед мардумро то абад фиреб диҳед."

Қаблан, гузориши як маркази вобаста ба Конгресси Амрико нишон медод, ки аз замони оғози низоъ тақрибан  дар ҳафт моҳи пеш, ҳангоми амалиёти таҷовузкорона алайҳи Эрон, дастикам 81 ҳавопаймо, чархбол ва паҳподи Амрико нобуд ё осеб дидаанд — хисороте, ки 3,3 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Ин гузориш, ки дар моҳи ҷорӣ бурузрасонӣ  шуда ва аз суйи марказӣ хадамоӣт пажуҳишии Конгресс як маркази пажуҳиши ва сиёсатгузории умумии вобаста ба Конгресси Амрико нашр шуда,гуфта мешавад, ки бо нашри иттилоот ва навсозиҳои нав, шумораи ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва паҳподҳои осебдидаи Амрико  метавонад афзоиш ёбад.