Раҳпаймоии садҳо нафар дар Берлин дар ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниён
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125664-Раҳпаймоии_садҳо_нафар_дар_Берлин_дар_ҳимоят_аз_ҳуқуқи_фаластиниён
Порс Тудей – Дар сеюмин солгарди оғози ҷанги режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, садҳо нафар дар Берлин барои ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниён, ки дар ин муддат мавриди наслкушии режими саҳюнистӣ қарор гирифтаанд, ба кӯчаҳо баромаданд.
(last modified 2026-10-08T08:24:49+00:00 )
Октябр 08, 2026 13:19 Asia/Dushanbe
  • Раҳпаймоии садҳо нафар дар Берлин дар ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниён
    Раҳпаймоии садҳо нафар дар Берлин дар ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниён

Порс Тудей – Дар сеюмин солгарди оғози ҷанги режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, садҳо нафар дар Берлин барои ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниён, ки дар ин муддат мавриди наслкушии режими саҳюнистӣ қарор гирифтаанд, ба кӯчаҳо баромаданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо  ва Симо, эътирозгарон бо бардоштани парчамҳои Фаластин хоҳони поён ёфтани ҷанг дар Ғазза, ба ҷавобгарӣ кашидани режими саҳюнистӣ барои ҷиноятҳои ҷангӣ ва қатъи интиқоли силоҳи Олмон ба ин режим шуданд.

Ин ҷамъият ки умдатан муташакил аз ҷавонон буданд, рӯзи чоршанбе дар ноҳияи Кройцберг ҷамъ омада, парчамҳои Фаластин ва плакатҳоро дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар даст доштанд. Онҳо ҳамчунин шиорҳое чун "Зинда бод Фаластин" ва "Озод бод Фаластин" сар медоданд.

Эътирозгарон бар ҳаққи фаластиниён барои муқовимат дар баробари ишғолгарии режими саҳюнистӣ таъкид карда, изҳор доштанд, ки таслим шудан ҳаргиз як роҳи ҳал нест.