Ҷарроҳии бозсозии ҷумҷума бо фанноварии чопи себуъдӣ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121340
Порс Тудей - Сарпарасти бемористони Имом Алӣ (а)-и Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон аз анҷоми муваффақиятомези нахустин амали ҷарроҳии бозсозии нақси ҷумҷума бо истифода аз фанноварии чопи себуъдӣ бо полимер (PEEK) дар ин маркази дармонӣ хабар дод.
(last modified 2025-08-04T07:25:32+00:00 )
Август 04, 2025 12:22 Asia/Dushanbe
  • Ҷарроҳии бозсозии ҷумҷума бо фанноварии чопи себуъдӣ дар Эрон

Порс Тудей - Сарпарасти бемористони Имом Алӣ (а)-и Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон аз анҷоми муваффақиятомези нахустин амали ҷарроҳии бозсозии нақси ҷумҷума бо истифода аз фанноварии чопи себуъдӣ бо полимер (PEEK) дар ин маркази дармонӣ хабар дод.

Ба гузориши Порс Тудей, Яҳё Сутӯда, сарпарасти бемористони Имом Алӣ (а) рӯзи душанбе бо эъломи анҷоми нахустин амали ҷарроҳии бозсозии нақси ҷумҷума бо истифода аз фанноварии чопи себуъдӣ(3D) бо полимери (PEEK) дар ин бемористон изҳордошт: Ҷарроҳии бозсозии нақси ҷумҷума бо истифода аз фанноварии чопи себуъдӣ бо полимери (PEEK), ба унвони иқдоме пешрафта ва камназир дар ҷануби шарқи Эрон, навидбахши иртиқои сатҳи хадамоти тахассусии пизишкӣ дар ин минтақа аст.

Вай афзуд, ин амали печида тавассути ҷарроҳони эронӣ ва бо мушорикати бахши хусӯсӣ анҷом шуда ва бидуни бурузи ҳеҷ гуна оризае ба поён расид.

Сутӯда бо баёни инки ҳоли умумии бемор пас аз ҷарроҳӣ ризоятбахш гузориш шудааст, гуфт: Ин навъи ҷарроҳӣ аз равишҳои пешрафта дар дармони нақоиси устухонии ҷумҷума башумор меояд, ки дар он бо баҳрагирӣ аз фанноварии чопи себкъдӣ ва маводи зисти созгор, қитъае бисёр дақиқу мутобиқ бо анатомии бемор тарроҳӣ ва ҷойгузини қисмати осебдидаи ҷумҷума мешавад.

Ба гуфтаи ин пизишки эронӣ, модаи полиэфирэфиркетон (PEEK) аз ҷумлаи таркиботи навини мавриди истифода дар ҷарроҳиҳои бозсозии ҷумҷума аст, ки ба далели вижагиҳои мунҳасир бафард аз ҷумла сабукӣ, истеҳком, муқовимат дар баробари фарсоиш, зисти созгории боло ва адами вокунишпазирӣ бо бадан, ҷойгоҳи вижае дар ҷарроҳиҳои тармимӣ пайдо кардааст.

«Қолаби себуъдии PEEK», як равиши чопи себуъдӣ аст, ки аз полемири полиэфирэфиркетон ба унвони модаи аввалия истифода мекунад; PEEK як термопластики муҳандисӣ бо короии болост, ки ба далели хавоси механикӣ ва ҳароратии олӣ, муқовимати шимиёӣ ва зисти созгоре дар саноати мухталифе, аз ҷумла пизишкӣ, ҳавофазо ва худравсозӣ корбурд дорад.