Январ 20, 2017 16:56 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари муаззами инқилоб ба Иттиҳоди анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба Иттиҳоди анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо, хитоб ба фаъолони ин анҷуман таъкид карданд: “Бар муҳити перомунии худ асар бигузореду бар раҳравони роҳи Худо бо гуфтору амали худ бияфзоед”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар ин паём таъкид карданд: “Интизор аз Шумо азизон коре беш аз худсозии илмиву динӣ ва ахлоқӣ будаву интизор он аст, ки бар муҳити перомунии худ асар гузореду бар раҳравони роҳи Худо бо гуфтору амали худ биафзоед, ки вуруд дар набарди нобаробари ҷабҳаи куфру истикбор бо парчами барафроштаи Исломи ноб вазифаи ҳамаи мо аст”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки ҷавониву донишҷӯӣ ҳамчун муҳаррики пурқудрат инсонро дар расидан ба ормонҳои воло ёрӣ мекунад, таъкид карданд: “Ҳар кадом бояд чашмаи бобаракате аз маърифати дурусти исломиву сироти мустақими илоҳӣ бошем”.

 

Барчасп