Сарлашкар Абдуллоҳӣ: Ҷанги нав домани ҳамаро мегирад
-
Сарлашкар халабон Алӣ Абдуллоҳи раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва Фармондеҳи Қароргоҳи марказии «Хотам-ул анбиё» (с)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон
Сарлашкар халабон Алӣ Абдуллоҳи раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва Фармондеҳи Қароргоҳи марказии «Хотам-ул анбиё» (с)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порс Тудей – Сардори Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ ва Фармондеҳи Қароргоҳи марказии «Хотам-ул-анбиё» (с)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор дод: Агар ҷанги наве алайҳи Эрон оғоз шавад, оташи он ҳамаро фаро хоҳад гирифт.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Сарлашкар Алӣ Абдуллоҳӣ, Сардори Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ ва Фармондеҳи Қароргоҳи марказии «Хотам-ул-анбиё» (с)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт, ки ҷангҳои таҳмилии Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон бо шикаст рӯбарӯ шудаанд ва гуфт: «Раисиҷумҳури хабиси Амрико ва саркардаи гурӯҳи ҷинояткори саҳюнистӣ дар заминаҳои мухталиф бо бӯҳронҳои шадид мувоҷеҳ шудаанд ва бо тавассул ба дурӯғи бузурги талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ, бори дигар талош доранд ҷанги наве алайҳи Эрон оғоз кунанд.»
Сарлашкар Абдуллоҳӣ зимни тавзеҳи нукоти худ таъкид кард:
1- Миллати Эрон бо таърихи тамаддуни ҳазорсола ҳамеша зидди зулм ва адолатхоҳ будааст ва дар баробари ҳеҷ золиме ақибнишинӣ нахоҳад кард.
2- Режими саҳюнистӣ бар асари як ҳисоби ғалат ҷанги 12-рӯза ва ҷанги Рамазонро алайҳи Эрон оғоз кард, аммо бо зарбаҳои муқтадиронаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, хоҳони қатъи ҷанг шуд. Ин режим қодир ба муқобила бо Эрони тавоно нест — на ҳоло ва на дар ҳеҷ замони дигар.
3. Раисиҷумҳури худшифтаи Амрико бояд бидонад, ки Эрон мунтазири натоиҷи интихоботи Конгресси Амрико нест; Агар алайҳи Эрон ягон иқдом сурат гирад, нерӯҳои мусаллаҳ фавран ва бидуни ҳеҷ гуна маҳдудият ба манфиатҳои Амрико зарба хоҳанд зад.
4. Кишварҳои мизбони нерӯҳои Амрико дар минтақа бояд дарк кунанд, ки сабаби аслии ноамнӣ ҳузури низомиёни террористии Амрико аст; агар ҷанги нав сар занад, алангаи он ҳамаро фаро хоҳад гирифт.
5. Мо ба созмонҳои байналмилалӣ — бахусус Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (IAEA) — ҳушдор медиҳем, ки аз нақши «гург дар пӯсти гӯсфанд» бозидан даст кашанд.
Дар поён ӯ таъкид кард: «Эрони исломӣ қавитар аз ҳар вақти дигар аст, барои муқобила бо ҳар гуна таҳдид омодагии комил дорад ва ба ёрии илоҳӣ такя мекунад».