Иблоғи ҳукми эъдом ба Бобаки Занҷонӣ
(last modified 2017-01-22T12:40:29+00:00 )
Январ 22, 2017 17:40 Asia/Dushanbe
  • Иблоғи ҳукми эъдом ба Бобаки Занҷонӣ

Сухангӯи Қувваи қазоияи Эрон аз иблоғи ҳукми эъдом ба Бобаки Занҷонӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ рӯзи якшанбе дар яксаду ҳафтумин нишасти хабарии худ гуфт, раъйи Девони олии кишвар, ки ҳукми эъдоми Бобаки Занҷониро таъйид мекунад, ба ӯ расонида шудааст.

Вай афзуд, дар парвандаи Бобаки Занҷонӣ ҳукми эъдоми ду муттаҳам низ нақз шудаву таҳқиқоти дубора аз ин ду оғоз шудааст.

Муовини аввали Қувваи қазоияи Эрон гуфт, бозпурси парвандаи ин ду муттаҳам дар сурати ниёз метавонад аз Бобаки Занҷонӣ ҳам суол кунад.

 Муҳсинии Эжаӣ ҳамчунин ҳодисаи оташ гирифтану фурӯ рехтани сохтмони тиҷории “Пласко”-и Теҳрон ва ҷон бохтани теъдоде аз оташнишононро таслият гуфт ва барои ҷон бохтагон мағфирату барои бозмондагон сабру аҷр аз Худованд масъалат кард.

 

Барчасп