Шероз - яке аз қутбҳои асосии туризми дармонӣ дар Ғарби Осиё
-
Абдулхолиқи Кишоварзӣ, муовини тавсеаи мудирият ва манобеи Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз
Порс-Тудей. Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз дар устони Форси Эрон бо имзои тавофуқномаи ҳамкорӣ бо Ӯзбакистон ва барномарезӣ барои густариши музокирот бо дигар кишварҳои ҳамсоя, қадамҳои бузурге барои табдили ин шаҳр ба қутби туризми дармонӣ дар Ғарби Осиё бардоштааст.
Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз дар устони Форс, ҷануби Эрон, дар чорчӯби барномаи дарозмуддат ва бо такя ба зарфиятҳои илмӣ ва дармонӣ, масири табдили Шероз ба яке аз қутбҳои асосии туризми дармонӣ дар Ғарби Осиёро суръат бахшидааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ин масири стратегӣ бо ҳадафи ҷалби беморони байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои фаромарзӣ дар ҳавзаи саломатӣ тарҳрезӣ шудааст.
Абдулхолиқи Кишоварзӣ, муовини тавсеаи мудирият ва манобеи Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА аз имзои тавофуқнома бо Ӯзбакистон ва талош барои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва дармонӣ бо кишварҳои ҳамсоя хабар доду гуфт: Ин донишгоҳ мусаммам аст бо эҷоди дафтарҳои муштарак ва осонсозии эъзоми устодон, беморони бештареро барои дармон ба Шероз ҷалб кунад.
Кишоварзӣ таъкид кард, тавофуқномаи хубе миёни раиси донишгоҳ ва масъулони Ӯзбакистон имзо шудааст.
Талош барои густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар ҳавзаи туризми дармонӣ
Кишоварзӣ афзуд: Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз дар заминаи туризми дармонӣ талош дорад, ки бо Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва кишварҳои Уммон, Қатар ва кишварҳои минтақа вориди музокира шавад ва қарор аст дафтарҳои муштарак бо ин кишварҳо таъсис шавад. Акнун ҳам дар кумитаи гардишгарӣ тасмим шудааст, ки устодони ин донишгоҳ битавонанд барои визити беморон ба ин кишварҳо бираванд. Муовини тавсеаи мудирият ва манобеи Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз гуфт: Албатта мо мусаммам ҳастем, ки беморонро дар Эрон мудово кунем, на ин ки пизишкони мо бираванд дар он кишварҳо ва амалиёти ҷарроҳӣ ё дармонӣ анҷом диҳанд.
Кишоварзӣ бо ишора ба фурсатҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон ба шиддат ба Шероз алоқа дорад ва мо набояд ин фурсатро аз даст диҳем. Муовини тавсеаи мудирият ва манобеи Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз хотирнишон кард: Кишвари Ироқ ҷузъи кишварҳое аст, ки бештарин бемори туристи дармонӣ дорад ва беморони ироқӣ барои мудово ба Шероз меоянд.