Бо вуҷуди таҳримҳо колоҳои эронӣ ба 142 кишвар содир шуданд
-
Бо вуҷуди таҳримҳо колоҳои эронӣ ба 142 кишвар содир шуданд
Порс Тудей- Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон аз содироти колоҳои эронӣ ба 142 кишвар хабар дод.
Ба гузориши Порс Тудей Сайид Рухуллоҳ Латифӣ, сухангӯи комиссияи муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, содироти молҳои Эронро ба 142 кишвар дар ҳашт моҳи аввали соли 1404 эълон кард ва гуфт: Бо вуҷуди фишорҳои низоми султа ва маҳдудиятҳо, Эрон ба панҷ қитъа ва 142 кишвар содирот ва аз 105 кишвар воридот кардааст.
Сайид Рухуллоҳ Латифӣ изҳор дошт: Дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ, байни Эрон ва дигар кишварҳо беш аз 131 миллион тонна мол ба маблағи 76 миллиарду 537 миллион доллар мубодила шудааст, ки аз ин шумора 105 миллиону 231 ҳазор тонна мол ба маблағи 36 миллиарду 997 миллион доллар ба 142 кишвар содир шудааст. Ӯ афзуд: Аз 105 кишвари ҷаҳон беш аз 25 миллиону 823 ҳазор тонна мол ба маблағи 39 миллиарду 540 миллион доллар ба Эрон харида ва ворид карда шудааст.
Дар мавриди самтҳои содироти молҳои эронӣ дар ин 8 моҳ, Латифӣ гуфт: Чин бо хариди 9 миллиарду 255 миллион доллар, Ироқ бо 6 миллиарду 719 миллион доллар, Имороти Муттаҳидаи Араб бо 5 миллиарду 216 миллион доллар, Туркия бо 4 миллиарду 393 миллион доллар ва Афғонистон бо 1 миллиарду 660 миллион доллар панҷ самти асосии содироти молҳои эронӣ буданд. Ғайр аз Чин, чаҳор кишвари беҳтарин бо саҳми тақрибан 50 фоиз ҳамсояҳои Эрон буданд.