Инсиҷоми мардумӣ ва раҳбарии ҳӯшмандона; рамзи шикасти душман дар ҷанги нарм
-
Дидори хонаводаҳои шуҳадои иқтидор бо раҳбари инқилоб
Порс Тудей – Амрико ва муттаҳидони аврупоии Кохи Сафед, бо вуҷӯди сарфи ҳазинаҳои молӣ ва фаъолияти бунгоҳҳои таблиғотӣ ва дурӯғпароканӣ дар ҷанги нарм алайҳи Эрони исломӣ шикаст хӯрдаанд.
Ҷанги нарммеҳвари амрикоӣ - ғарбӣ алайҳи Эрон ба далели инсиҷоми миллӣ, раҳбарии ҳӯшмандона, нокомии иттилоотии душману вокуниши ҳӯшёронаи мардумӣ ҳамвора шикаст хӯрдааст. Душман бо муҳосиботи ғалату нодида гирифтани зарфиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии Эрон токунӯн натавониста аҳдофи шуми худро муҳаққақ кунад.
Муҳимтарин абзори таблиғотии душман дар ҷанги нарм расонаҳо (радио, телевизион, моҳвора, интернету шабакаҳои иҷтимоӣ) ҳастанд. Дар канори он, абзорҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ, моду либос, маводи мухаддири равонгардон, ирфонҳои козибу таблиғоти дуруғин низ барои тағйири боварҳо ва ҳувияти ҷавонон ба кор гирифта мешаванд.
Дар ин шароит, марокизи сиёсӣ ва таблиғии амрикоӣ - ғарбӣ борҳо дар таҳлили шароити Эрон дучори иштибоҳ шудаанду тавоноиҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишварро дастикам гирифтаанд. Мақомоти амрикоӣ ҳамвора тасаввур мекарданд бо фишори расонаӣ ва таҳрими иқтисодӣ метавонанд мардуми Эронро аз ҳокимият ҷудо кунанд, аммо ин ҳадаф ҳечгоҳ муҳаққақ нашудааст.
Мардуми Эрон дар базангоҳҳои ҳассос, аз ҷумла ҷангҳои таркибии ахир, бо ҳузури густарда дар саҳна, нақшаҳои душманро хунсо карданду вокуниши мардумӣ монеъ аз кашида шудани ҷанги нарм ба дохили кишвар шуд ва душман натавонист буҳрони иҷтимоии густарда эҷод кунад.
Аз сӯи дигар, ҳидояти раҳбари инқилоб дар эҷоди умеду тақвияти рӯҳияи миллӣ ҳамвора нақши калидӣ дар шикасти ҷанги нарм дошту мудирияти ҳӯшмандона боис шуд, душмани натавонад аз шикофҳои иҷтимоӣ баҳрабардорӣ кунад.
Тавоноии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ тавонист бисёре аз тарҳҳоро хунсо кунаду монеъи таҳаққуқи аҳдофи шуми ғарбиҳо шавад. Аз сӯи дигар Эрон тавонист дар муддати кӯтоҳе посухи қотеъ ба таҳдидот бидиҳад ва нишон диҳад, ки тавони дифоӣ ва низомии он бисёр фаротар аз тасаввури душман аст. Ин боздорандагии низомӣ пуштвонае барои муқобила бо ҷанги нарм низ буд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар солрӯзи мелоди мубораки мавлалмуваҳидин ҳазрати Алӣ бин Абу Толиб (а) ва шашумин солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ, дар дидори хонаводаҳои муаззами шаҳидони ҷанги 12 рӯза (шуҳадои иқтидор), бо таъкид бар лузӯми ҳӯшёрӣ ва тақвияти ваҳдати миллӣ дар муқобили «ҷанги нарм»-и душманон гуфтанд: Ин ҷанг мубтанӣ бар «фиребу дурӯғу туҳмату шойиъа» ҳамон ҷанге аст, ки душманони ҳукӯмати алавӣ пас аз шикастҳои низомӣ дар муқобили он ҳазрат дар пеш гирифтанд то монеъи таҳаққуқи аҳдофи эшон шаванд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳадафи душман дар ҷанги нармро беангеза ва ноумед кардани мардуму эҷоди тардид дар миллат баршумурданд ва таъкид карданд: Ҳамчунон, ки дар давраи Амирулмуъминин бо шойиъасозӣ ва дурӯғ дар пайи бадбин кардани мардум буданд, имрӯз ҳам ҳамон иқдомоти айнан анҷом мешавад; албатта миллати Эрон нишон додааст, ки дар майдонҳои сахт ва ҳар ҷо ки ниёзманди ҳузуру кумаки ӯ аст, муҳкам истода ва душманро маъюс мекунад.
Ҷанги нарми душман алайҳи Эрон умдатан бар пояи абзорҳои расонаӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва тахрибӣ бино шудааст то боварҳо, ҳувияту инсиҷоми миллиро ҳадаф қарор диҳад.
Таҷрибаҳои гузашта нишон додааст, ки ҳар бор душман бо таблиғоту амалиёти равонӣ вориди майдон шуда, вокуниши сареъи мардуму мудирияти буҳрон дар кишвар боиси шикасти тарҳҳои онон гардидааст. Бинобар ин, қудрати нарми Эрон, ки реша дар фарҳанг, имону ҳамбастагии иҷтимоӣ дорад, муҳимтарин омили боздоранда дар баробари ҷанги нарми душман будааст.
Имрӯза Эрони исломӣ бо такя бар фарҳанги ғанӣ, имони росих ва қудрати нарми худ на танҳо дар баробари ҳаҷмаҳо истода, балки улгӯе аз муқовимату умед барои миллатҳои дигар шудааст.