Раҳбари инқилоб шаҳодати вазири иттилооти Эронро таслият гуфтанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124484-Раҳбари_инқилоб_шаҳодати_вазири_иттилооти_Эронро_таслият_гуфтанд
“Порс-Тудей”. Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме хитоб ба раиси ҷумҳурии Эрон, шаҳодати вазири иттилооти Эронро таслият гуфтанд.
(last modified 2026-03-20T11:24:44+00:00 )
Март 20, 2026 16:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ
    Ҳазрати оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ

“Порс-Тудей”. Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме хитоб ба раиси ҷумҳурии Эрон, шаҳодати вазири иттилооти Эронро таслият гуфтанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, матни паёми таслияти ҳазрати оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ ба шарҳи зер аст:

 

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Раиси ҷумҳурии муҳтарам, ҷаноби оқои Пизишкиён, домат ҳифозатаҳу зайда иззаҳ

Баъда таҳиёята вассалом. Бадин васила, шаҳодати вазири пурталоши иттилооту ҷонбози гумноми бособиқа, ҳуҷҷатулислом Саййид Исмоили Хатиб ризвонуллоҳи таъоло алайҳро ба ҷаноби олӣ ва ҳайати муҳтарами давлату ҳамкорони он ҷаноб дар вазорати иттилоот ва билхусус ба хонаводаи он бузургвор табрику таслият арз мекунам.

Бешак, ҷои холии эшон бояд бо талоши музоафи дигар масъулин ва коркунони он вазоратхонаи ҳассос ҷуброн шавад ва амният аз душманони дохилӣ ва хориҷӣ салб ва ба умуми ҳамватанон арзонӣ гардад. Аз Худованди маннон бақои ҷаноби олӣ ва соири ҳамкорон ва улувви мақом барои он шаҳиди азизро хосторам.

Саййид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ