Қадрдонии дабири кулли Федератсияи ҷаҳонии таэквондо аз Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124728-Қадрдонии_дабири_кулли_Федератсияи_ҷаҳонии_таэквондо_аз_Эрон
Порс-Тудей. Дабири кулли Федератсияи ҷаҳонии таэквондо бо ирсоли нома ба Федератсияи таэквондои Эрон, аз ҳузури тими навҷавонон ё наврасони Эрон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва иҷрои хуби онҳо қадрдонӣ намуд.  
(last modified 2026-05-02T11:43:07+00:00 )
Май 02, 2026 16:39 Asia/Dushanbe
  • Тими наврасони таеквандои Эрон
    Тими наврасони таеквандои Эрон

Порс-Тудей. Дабири кулли Федератсияи ҷаҳонии таэквондо бо ирсоли нома ба Федератсияи таэквондои Эрон, аз ҳузури тими навҷавонон ё наврасони Эрон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва иҷрои хуби онҳо қадрдонӣ намуд.  

Ба гузориши Порс-Тудей, Ҷеонг Кан Сео, дабири кулли Федератсияи ҷаҳонии таэквондо, дар номааш ба Федератсияи таэквондои Эрон барои ҳузур ва иҷрои хуби намояндагони Эрон бо касби ҷойи дувум дар мусобиқаҳои ҷаҳонии наврасон дар Тошканд, изҳори сипос ва қадрдонӣ кард.  

Ӯ дар ин нома таъкид кард: «Мехоҳам аз тими наврасони Эрон барои дастовардҳои назаррас, бахусус ҳузур дар Тошканд бо вуҷуди ҳамаи чолишҳо ва сафар ба Ӯзбакистон барои ширкат дар ин мусобиқаҳо қадрдонӣ намоям. Иҷрои тими Эрон нишондиҳандаи иштиёқ ва фидокорӣ ба таэквондо мебошад».  

Панҷоҳумин давраи мусобиқаҳои таэквондои қаҳрамонии наврасони ҷаҳон бо ҳузури варзишгарон аз 115 кишвари ҷаҳон, ба мизбонии Ӯзбакистон дар шаҳри Тошканд баргузор шуд ва тими Эрон унвони мақоми дувумро ба худ ихтисос дод.