Пизишкиён: Пирӯзии майдонро дар дипломатия тасбит кунем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124828-Пизишкиён_Пирӯзии_майдонро_дар_дипломатия_тасбит_кунем
Порс Тудей — Раисиҷумҳури Эрон гуфт: «Тарҷеҳи ақлонӣ, мантиқӣ ва мубтанӣ бар манофеи миллӣ, такмили пирӯзии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар арсаи дипломатия аст».
(last modified 2026-05-12T05:20:32+00:00 )
Май 12, 2026 09:53 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳури Исломии Эрон
    Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳури Исломии Эрон

Порс Тудей — Раисиҷумҳури Эрон гуфт: «Тарҷеҳи ақлонӣ, мантиқӣ ва мубтанӣ бар манофеи миллӣ, такмили пирӯзии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар арсаи дипломатия аст».

Ба гузориши Порс Тудей, Масъуд Пизишкиён, раиси Ҷумҳури Исломии Эрон дар нишасте бо фармондеҳи кулл ва ҷамъе аз фармондеҳони аршади ФАРОҶО (Фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон) бо қадрдонӣ аз талошҳо, муҷоҳидатҳои шабонарӯзӣ ва содиқонаи ин нерӯ дар ҷараёни ҷанги ахир, изҳор дошт: «ФАРОҶО бо вуҷуди маҳдудиятҳо ва камбуди имконот, дар майдони таъмини амнияти дохилии Эрон ҳузури муқтадирона ва фидокорона дошт».

Пизишкиён бо ишора ба нақши миллат ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ноком гузоштани душман, хотирнишон кард: «Миллат ва нерӯҳои мусаллаҳи муқтадири Эрон тавонистанд бо истодагӣ ва иқтидор, душманро дар дастёбӣ ба аҳдофи худ ноком гузошта ва ӯро водор ба пазириши оташбас ва таваққуфи ҷанг кунанд».

Пизишкиён дар идома изҳор дошт: «Акнун гузинаҳои мухталифе пеши рӯи мо қарор дорад; ё бо иззат, иқтидор ва ҳифзи манофеи миллӣ вориди музокира шавем ва ҳуқуқи миллати Эронро иҳқоқ кунем, ё дар вазъияти на ҷанг ва на сулҳ боқӣ бимонем ва ё масири ҷанг ва тақобулро идома диҳем».

Вай таъкид кард: «Тарҷеҳи ақлонӣ, мантиқӣ ва мубтанӣ бар манофеи миллӣ ин аст, ки пирӯзии бадастомада тавассути нерӯҳои мусаллаҳ дар майдони набард, дар арсаи дипломатия низ такмил ва ҳуқуқи миллати Эрон аз мавзеи иззат ва иқтидор тасбит шавад».