Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар масири сабти ҷаҳонии ЮНЕСКО
Муовини Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт: Парвандаи сабти Ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ ба зудӣ ба Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии Милали Муттаҳид (UNESCO) ирсол мешавад.
Ба гузориши ИРНА Муҳаммадҳасани Толибиён, сешанбешаб дар ҳошияи маросими ифтитоҳи “Намоишгоҳи 14 қарн ҳунар ва тамаддуни Эрон дар давраи исломӣ” дар Машҳад гуфт: Парвандаи сабти мероси ҷаҳонии Ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) барои ЮНЕСКО омода шуда ва то се рӯзи оянда ба ин созмони байналамилалӣ ирсол ва натиҷаи он то тобистони соли оянда эълом мешавад.
Толибиён тасреҳ кард: Сабти ҷаҳонии осор, нишонаи сулҳ ва ҳамбастагӣ дар кишварҳост ва осоре, ки ба сабти ҷаҳонӣ мерасанд, дар ҷанг ва соири иттифоқоти ҷаҳон, ба унвони нуқтаи амн талаққӣ мешаванд.
Муовини Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгари Эрон гуфт: Бо сабти ҷаҳонии осор дар ЮНЕСКО, ин осор бо беш аз 30 забон ва бидуни ҳазина ба дунё муаррифӣ ва ба қуллаҳои фарҳанги ҷаҳонӣ табдил мешаванд.
“Намоишгоҳи 14 қарн ҳунар ва тамаддуни Эрон дар давраи исломӣ” сешанбе шаб бо ба намоиш гузоштани 178 қитъа аз ашёи таърихии нодир ва нафис, мутааллиқ ба давраҳои мухталифи таърихии Эрон бо ҳузури муовини раиси Ҷумҳурии Эрон дар умури занон ва хонавода, ҷамъе аз сафирон, вазирон ва шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии хориҷӣ дар музейи бузурги Хуросон дар Машҳад кушоиш ёфт.