Январ 26, 2017 18:07 Asia/Dushanbe
  • Эъломи иллати аввалияи ҳодисаи бинои “Пласко”

Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, иллати аввалияи ҳодисаи сохтмони “Пласко”-и Теҳрон расиши кутоҳи ноқилҳои барқ будааст.

Абдурризо Раҳмони Фазлӣ имрӯз, панҷшанбе, дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон ҷон бохтани теъдоде аз оташнишонон ва шаҳрвандонро дар ҳодисаи бинои “Паласко”-и Теҳрон таслият гуфта афзуд, аввалин натиҷае, ки дар баррасии иллати ҳодисаи сохтмони “Пласко” ба он расидем, бархӯрди ноқилҳои барқ буд.

Сайидҷалоли Маликӣ, сухангӯи Созмони оташнишонии Теҳрон гуфт, пайкари понздаҳумин оташнишони шаҳид имрӯз аз зери харобаҳои сохтмони “Пласко” хориҷ шуд. 

Ба ҷуз оташнишонон пайкари чаҳор шаҳрванди дигар низ то кунун аз зери харобаҳо берун оварда шудааст. Сарпарасти Бемористони ёрии таъҷилии Эрон ҳамчунин аз садама дидани 222 нафар дар ҳодисаи “Пласко” хабар дод.

Бинои “Пласко” дар Теҳрон панҷшанбеи ҳафта гузашта, 19 январ дучори оташсӯзӣ шуда, ба таври комил фурӯ рехт.

 

Барчасп