Тирандозӣ дар мактабе дар Австрия бо 40 куштаву захмӣ
Июн 10, 2025 16:21 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Бар асоси эъломи рӯзи сешанбеи мақомоти Австрия, бар асари тирандозӣ дар мактабе дар шаҳри Гратси ин кишвар то кунун 10 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шудаанд, ки ҳоли бархе аз онҳо вахим аст.
Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир як амалиёти бузурги полис дар мактабе дар шаҳри Гратси Австрия дар ҳоли анҷом аст ва тибқи иттилооти аввалия, ин амалиёт аз ҳудуди соати 10: 00 субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Ҳамчунин таъйид шуда, ки чандин нафар, аз ҷумла донишомӯзону муаллимон бар асари ин тирандозӣ ба шиддат маҷрӯҳ шудаанд. Давлати Австрия ҳамаи дидорҳову барномаҳои сиёсии худро лағв карда ва гумон меравад, ки омили тирандозӣ ҳам худкушӣ карда бошад.
Барчасп