Посухи Эрон ба лафозии намояндаи Баҳрайн дар Созмони Миллал
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125638-Посухи_Эрон_ба_лафозии_намояндаи_Баҳрайн_дар_Созмони_Миллал
Порс Тудей– Намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба иддао ва изҳороти намояндаи Баҳрайн таъкид кард, ки Эрон оғозгари ҳамла набуд ва нисбат ба дар ихтиёри Иёлоти Муттаҳида қарор додани қаламрав ва фазои ҳавоӣ барои ҳамла алайҳи Теҳрон ҳушдор дод.
(last modified 2026-10-06T06:41:29+00:00 )
Октябр 06, 2026 11:34 Asia/Dushanbe
  • 
Алӣ Карими Мақом, дипломати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллал
    Алӣ Карими Мақом, дипломати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллал

Порс Тудей– Намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба иддао ва изҳороти намояндаи Баҳрайн таъкид кард, ки Эрон оғозгари ҳамла набуд ва нисбат ба дар ихтиёри Иёлоти Муттаҳида қарор додани қаламрав ва фазои ҳавоӣ барои ҳамла алайҳи Теҳрон ҳушдор дод.

Ба гузориши Порс Тудей ва ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Алӣ Каримии Мақом, дипломати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид, зимни суханронӣ дар Кумитаи сеюми ин Созмон дар посух ба иддаоҳои дипломати Баҳрайн изҳор дошт: Баҳрайн дар ҳоле аз ҳуқуқи башар сухан мегӯяд, ки чашми худро бар воқеиятҳои паси ин рӯйдодҳо мепӯшонад.

Ӯ бо ишора ба ин ки Баҳрайн қурбонӣ нест, афзуд: Ин кишвар қаламрав, пойгоҳҳо ва фазои ҳавоии худро барои як ҷанги ғайриқонунӣ алайҳи Эрон дар ихтиёри Иёлоти Муттаҳида қарор дод.

Дипломати эронӣ илова кард: Баҳрайн, ки қаламрави худро барои ҷанги ғайриқонунӣ алайҳи ҳамсояаш дар ихтиёри Амрико гузоштааст, дигар наметавонад аз паёмадҳои он изҳори ҳайрат ё тааҷҷуб кунад.

Намояндаи Эрон дар Кумитаи сеюми Созмонии Миллали Муттаҳид бо таъкид бар ин ки Эрон оғозгари ҳамла набуд, балки мавриди ҳамла қарор гирифта буд, изҳор дошт, ки посухи Теҳрон "истифода аз ҳаққи фитрӣ ва қонунии он" буд.

Дипломати эронӣ ҳушдор дод: Агар қаламрави ҳар кишваре дар минтақа боз ҳам барои анҷоми ҳамла алайҳи Эрон истифода шавад, мо посух хоҳем дод.

Намояндаи Эрон бо хитоб ба намояндаи Баҳрайн гуфт: Танҳо ду роҳ вуҷуд дорад. Ё мо бояд якҷоя дар минтақа амният эҷод кунем ва ё якҷоя ноамниро таҳаммул намоем. Дипломати Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт: Баҳрайн қаблан роҳи дуюмро интихоб карда буд ва агар боз ҳам ҳамон роҳро интихоб кунад, набояд интизори натиҷаи дигаре бошад.