Кишварҳои ҳамдасти Амрико дар тавоҷуз ба Эрон бояд посухгӯ бошанд
-
Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон
Порс Тудей– Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон изҳор дошт, ки кишварҳое, ки қаламрав ва иншооти худро барои ҳамла ба Эрон дар ихтиёри Амрико ва режими саҳюнистӣ қарор додаанд, бояд барои ин "шарики дар таҷовузи байналмилалӣ" ҷавобгӯ бошанд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Исмоил Бақоӣ "талаби ҷавобгарӣ аз кишварҳои аврупоӣ"-ро ҳамчун яке аз мавзӯъҳои калидӣ дар дидори вазири корҳои хориҷии Эрон Сайид Аббос Арақчӣ бо сафирон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалии мустақар дар Теҳрон зикр кард. Ӯ қайд намуд, ки Дабири кулли НАТО борҳо эътироф кардааст, ки қаламрав, иншоот ва пойгоҳҳои низомии мутааллиқ ба ИМА ё кишварҳои аврупоӣ (воқеъ дар Аврупо) барои омодагӣ ва тарҳрезии ҳамлаҳои ИМА ва режими саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон истифода шудаанд.
Ӯ афзуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар фурсат барои матраҳ кардани ин масъала истифода мебарад ва онро қисми муҳими таърихи минтақа ва худи Эрон медонад.
Бақоӣ таъкид кард, ки аз дидгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳое, ки хок ё иншооти худро дар ихтиёри Амрико ва режими саҳюнистӣ қарор додаанд, бояд дар баробари амалҳои худ ҷавоб диҳанд; ба назари ӯ, чунин рафтор шарикӣ ва иштирок дар як ҷинояти байналмилалиро ташкил медиҳад.
Ӯ дар идома изҳор дошт, ки содир кардани ҷинояти таҷовузи байналмилалӣ ва истифодаи зӯр алайҳи як кишвари мустақили узви Созмони Миллали Муттаҳид барои Эрон қобили қабул нест.