Неруи дарёӣ Сипоҳи Посдорон: Оқибати нефткашҳои мутахалиф дар Тангаи Ҳурмуз, оташ!
Неруи дарёӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рузи якшанбе бо эъломи хабари инфиҷори як фарванд супернефткаши ҳомили нефти хом дар Тангаи Ҳурмуз дар иттилоъияи эълом кард: Оташсузии маҳиб оқбибати ҳар нефткаши мутахалифе аст, ки бихоҳад қавонини Тангаи Ҳурмузро нодида бигирад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, матни иттилоъияи неруи дарёӣ Сипоҳои посдорони инқилоби исломӣ ба шарҳи зер аст: Як фарванд супернефткаши мутахалифи ҳомили нефти хом ки қасди хуруҷ аз масири ғайримуҷози Тангаи Ҳурмузро дошт ба далели бархурд бо мини дарёӣ аз масири пурхатари эъломшуда дучори инфиҷори пуршиддат гардид.
Ин супернефткаш ки сомонаи новбари ва мавқеъиятёби худро хомуш карда буд баъд аз бархурд бо мини дарёӣ дар як оташи азим дар ҳоли сухтан аст ба гунае, кибарои мардуми соҳилнишин низ оташи он ба вузуҳ қобили мушоҳида аст.
Неруи дарёӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом мекунад, ки оташсузии маҳиб оқибати ҳар нефткаши мутахалифе аст, ки бихоҳад амният ва қавонини Тангаи Ҳурмузро нодида бигирад.