Рӯҳонӣ: Эрон кишвари сулҳу дӯстӣ аст
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар тӯли таърих ба дунболи барқарории сулҳу дӯстӣ будааст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар иҷлоси Конвенсияи ҷаҳонии роҳнамоёни сайёҳӣ дар Теҳрон гуфт, дар Эрон зиндагии мусолиматомез миёни пайравони динҳои илоҳӣ вуҷуд дошта, дар парлумони Эрон намояндагони динҳои зардуштӣ, масеҳӣ ва калимӣ дар канори намояндагони мусалмонон ҳузур доранд. Рӯҳонӣ афзуд, имрӯз замони деворкашӣ байни миллатҳо гузаштааст ва агар байни миллатҳо девор ҳам бошад, бояд бардошт ва фосилаҳоро аз миён бурд.
Рӯҳонӣ дар хитоб ба роҳнамоён ва сайёҳони дар ин ҳамоиш ҳузурдошта гуфт, Ховари Миёна аз дер боз маҳди тамаддуну сайёҳӣ буда, осори тамаддунӣ ва таърихӣ дар Лубнон, Фаластин, Сурия, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз диданӣ буду ҳаст. Раисҷумҳури Эрон афзуд, терроризм дар ин минтақа на танҳо ҷони инсонҳоро гирифт, балки рушду ҳаракати тавсеаро кунду кундтар карда, ба иқтисоди кишварҳо ва осори тамаддуни ҷаҳонию таърихӣ латма зад.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки имрӯз терроризм дар минтақа дар ҳоли шикаст аст, гуфт, Эрон кишваре аст, ки ҳамвора ба амнияту суботи минтақа дар ҷаҳон кӯмак кардааст ва агар кӯмаки Эрон ба мардуму артиши Ироқу Сурия намебуд, имрӯз дар Димишқу Бағдод террористҳо ҳоким буданд.
Дар 17-умин иҷлоси Конвенсияи ҷаҳонии роҳнамоёни сайёҳӣ дар Теҳрон 340 роҳнамои сайёҳӣ аз 36 кишвар ҳузур доранд. Ин иҷлос бузургтарин ҷамъомади роҳнамоёни гардишгарӣ дар ҷаҳон аст. Барномаҳои ин конвенсия, ки ба сурати назариявӣ дар Теҳрон баргузор мешавад, то 30-юми январ идома дорад.