Феврал 06, 2017 15:58 Asia/Dushanbe

Мақоми баландпояи эронӣ гуфт: Мо барои суханони одамҳое, ки ҳарфи беҳисоб мезананд, арзише қоил нестем.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Алӣ Акбари Вилоятӣ, раиси маркази таҳқиқоти стратегит Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон якшанбе шаб дар ҳошияи дидор бо Ян Кубиш, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар умури Ироқ афзуд: Таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Эрон кори тозае нест .

Вилоятӣ гуфт: Аз оғози инқилоби исломӣ токунун ҳечгоҳ миёни сиёсатмадорони амрикоӣ ҳусни нияте нисбат ба Эрон вуҷуд надошта ва амрикоиҳо ҳар коре, ки тавонистаанд зидди ҷумҳурии исломии Эрон анҷом додаанд .

Вай ҳамчунин бо ишора ба таъкиди раҳбари инқилоби исломӣ бар зарурати дар пеш гирифтани иқтисоди муқовиматӣ гуфт: Ин таъкид ба ин сабаб аст, ки бо ҳар тасмими ғайриинсонӣ, ки як ҳукумат дар нуқтае аз дунё мегирад, иқтисоди ҷумҳурии исломии Эрони дучори мушкил нашавад .

Алӣ Акбари Вилоятӣ дар бораи ҳукми қозии Сиэтли Амрико барои лағви дастури зидди муҳоҷиратии Трамп гуфт: Лағви мусаввабаи раисҷумҳури Амрико аз сӯи дастгоҳи қазоии ин кишвар иқдоме оқилона аст ва ҳар қозии оқил ва ботаҷрубае чунин кореро анҷом медиҳад .