Чашмандози муносиботи Эрон ва Шветсия аз дидгоҳи раҳбари муаззами инқилоб
(last modified Sun, 12 Feb 2017 16:20:07 GMT )
Феврал 12, 2017 21:20 Asia/Dushanbe
  • Чашмандози муносиботи Эрон ва Шветсия аз дидгоҳи раҳбари муаззами инқилоб

Стефан Лёвен, нахуствазири Шветсия, ки барои анҷоми сафаре се рӯза ва дидору гуфтугӯ бо мақомҳои Эрон ҷумъа шаб вориди Теҳрон шуд, асри рӯзи шанбе бо раҳбари муаззами инқилоб дидор кард. Баёноти ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, бар рӯи ду мавзуи муҳим мутамарказ гардид.

Мавзуи нахуст, нигоҳи таҳлилии эшон ба илалу авомили буҳронҳои минтақаӣ ва чолишҳои байналмилалӣ аст. Раҳбари муаззами инқилоб дар табйини ин масъала, решаи мушкилоти минтақаро дахолати баъзе қудратҳои бузург хонданд ва афзуданд: Амрико ва бисёре аз қудратҳои аврупоӣ дар эҷоди ҳаводиси талх дар Сурия ва Ироқ нақш доштаанд ва мардуми минтақа бо огоҳӣ аз ин дахолатҳо, ба дурустӣ ба онҳо бадбин ҳастанд. Эшон дар ин замина, аммо ба нуктаи муҳими дигаре низ ишора карданд ва он нақшест, ки Созмони милал ва бавижа Шӯрои амният бояд ба он амал мекард, аммо токунун ингуна набудааст. Иллати ин масъала низ ба ҳамон рафторҳои дугона боз мегардад, ки раҳбари муаззам инқилоб бадон ишора карданд ва гуфтанд “Шӯрои амният зарфияти муҳимест, ки мутаассифона зиндонии бархе қудратҳои бузург шудааст, аммо дар айни ҳол метавон бо ифои нақше созанда, дар ҷилавгирӣ аз эъмоли стандартҳои дугона аз сӯи ин ниҳод талош кард”.

Раҳбари муаззами инқилоб албатта роҳҳалли мушкилоти минтақаро ҳам дар даруни минтақа донистанд ва бо ишора ба вазъияти рӯ ба беҳбуд дар Ироқ, афзуданд, имкони ҳалли масъалаи Сурия низ ба ҳамин тартиб вуҷуд дорад, аммо лозимаи он, қатъи ҳимоят аз терроризм ва ҷангафрузӣ аст .

Мавзуи дуввум дар баёноти раҳбари муаззами инқилоб дар ин дидор, нигоҳ ба равобити Эрону Шветсия ва интизоротест, ки эшон дар ин хусус хотирнишон карданд. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, Шветсия ба далели иртибототи тӯлонӣ бо Эрон, дар чашми мардуми мо кишваре хушном аст ва ин хушбинии миллатҳо ба якдигар, заминаи муносибе барои тавсеаи ҳамкориҳо хоҳад буд. Дар фарозе аз ин суханон, раҳбари инқилоби исломӣ, муҳимтарин зарфияти Эронро ҷавонони таҳсилкарда ва бо нишот ва омода ба кор ва миллате пуршӯр ва бо азму иродаи боло хонданд.

Ин сухани раҳбари муаззами инқилоб ишора ба нуктае калидӣ дар нигоҳ ба муаллифаҳои аслӣ дар равобит бо кишварҳост. Дар воқеъ Эрон фақат аз захоир ва мавқеитҳои мумтози ҷуғрофиёӣ ва иқтисодӣ бархурдор нест, балки захоири арзишманди дигаре ҳам дорад, ки ин захираи бузург ҷавонон ва ҳузури пурнишоти наслҳои ҷадиди инқилоб аст, ки дар роҳпаймоии бошукӯҳи 22 баҳмани солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ қудрати нарми низом ва ояндаи равшани пешорӯи Эронро ба намоиш гузоштанд. Ин муаллифа нақши муҳиме дар таъини машии сиёсати хориҷӣ ва танзими равобити Эрон бо дигар кишварҳо дорад. Чуноне, ки нахуствазири Шветсия низ бо таъкид бар аҳаммияти нақши миллатҳо бахусус ҷавонони таҳсилкарда ва фаъол гуфт: Ҷамъияти ҷавони Эрон, сармоя ва дороии бисёр арзишмандест.

Сареҳтарин сухан дар ин замина ишораест, ки раҳбари муаззами инқилоб ба рафту омад ва музокироти бархе давлатҳои аврупоӣ дар Теҳрон дар тӯли як солу ними ахир доштанд ва ин нуктаро ёдовар шуданд, ки бисёре аз ин тавофуқот амалӣ нашудаанд.  Аз ин рӯст, ки эшон хитоб ба нахуствазири Шветсия гуфтанд “Бо шинохте, ки аз ҷаноби олӣ вуҷуд дорад, шумо фарде аҳли иқдом ва амал ҳастед ва интизор меравад, ба наҳве амал кунед, ки тавофуқот сирфан бар рӯи коғаз боқӣ намонад”.