Феврал 14, 2017 19:08 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар нишасти Созмони Милал: Терроризм хатаре, ки марз намешиносад

Мубориза бо падидаи шуми терроризм набояд ба баҳонае, барои иқдомоти якҷониба ва таҳдидомез бадал шавад.

Ғуломалӣ Хушрӯ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, дар нишасти баҳси умумии Шӯрои амният дар бораи ҳамалоти террористӣ алайҳи зерсохтҳои ҳаётии кишварҳо, бо таъкид бар ин нуктаи муҳим афзуд, ҷаҳони имрӯз бо хатари фазояндаи ҳамалоти террористӣ рӯбарӯ аст ва ҳеҷ кишваре аз ин таҳдиди ҷаҳонӣ дар амон нест. Аммо ин набояд ба муҷаввизе барои иқдомоти якҷонба ва таҳдидомез табдил шавад.

Ҳамалоти террористӣ , ки аз ду сол қабл дар Фаронса ва бо ҳаводиси Шарли Эбдо оғоз шуд ва чанд бори дигар ҳам такрор шуд, аз солҳо пеш бар миллатҳои минтақа ва дар ғарби Осиё соя андохтааст ва солҳо аст, ки мардуми ин бахш аз ҷуғрофияи ҷаҳон аз ҷумла дар Афғонстон, Ироқ ва Сурия, қурбонии терроризми мавриди ҳимояти Ғарб мешаванд. Аммо ин иқдомоти террористӣ акнун як ваҷҳи муштарак ёфтааст ва ин ки терроризм марз намешиносад.

Дар бештари ин ҳамалот ё мардум қурбонии терроризм аз навъи ифротгароӣ шудаанд ва ё онк и зерсохтҳои ҳаётии кишварҳо, тавассути гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ҳадаф қарор гирифтаанд. Аммо як нуктаи муҳим дар ин ҷараёни хатарнок вуҷуд дорад ва он дарҳам омехтагии ҷараёнҳои террористӣ бо ҷиноие аст, ки тавассути бархе кишварҳо дар ҳамалоти таҷовузкоронаи низомии мураттаб дар ҳоли такрор шудан аст. Намунаҳои онро метавон дар бомбаборонҳои ҳаррӯзаи Арабистон ва куштори бераҳмонаи занону кӯдакон дар Яман ва ё дар бомбаборонҳои Амрико дар Афғонистон дид.

Ин раванд нишон медиҳад, зери пӯстаи терроризм ҷараёнҳои дигаре нуҳуфтааст, ки агар чӣ бо навъи ҳамалоти инфиҷории террористҳо дар Ироқ ва Сурия ва ё Афғонистон ба дасти ДИИШ, Толибон ва ё Боко Ҳаром иттифоқ меафтад, мутафовит баназар мерасанд. Аммо ҳарду аз ҷинси терроризм ҳастанд. Мисдоқи ин иқдоми террористӣ корномаи ҷиноёти Исроил алайҳи миллати мазлуми Фаластин аст. Ин гуна иқдомот, фаҷеътарин шакли терроризм аст, ки наслҳои мутааддиде аз фаластиниёнро аз дастрасӣ ба зерсохтҳо ва манобеи табиӣ худ маҳрум кардааст. Ҳамин иттифоқ дар Яман низ афтодааст ва бар асари ҳамалоти ҳавоии мукаррари Арабистон бисёре аз зерсохтҳои ҳаётии мардуми Яман аз байн рафта ва ё ба шиддат осеб дидаанд. Аммо ҷомеаи байналмилалӣ чигуна метавонад бо падидаи ҳавлноки терроризм бархӯрд кунад. Посухи ин савол равшан аст ва онро метавон дар доштан иродаи воқеӣ барои мубориза бо терроризм дар ҳама абъод хулоса кард. Аммо ҷомеаи байналмилалӣ дар ин замина бо мавонеъ ва чолишҳои зиёде мувоҷеҳ аст. Мубориза бо терроризм ниёзманди ҳамкории байналмилалӣ бо ҳадафи муқобила бо решаҳои фикрӣ ва маҳдудсозии манобеъи молӣ, таслиҳотӣ ва инсонии ҷараёни терроризм аст. Аммо коре, ки Амрико ва бархе кишварҳои минтақа аз ҷумла Арабистон ҳамсӯ бо аҳдофи Исроил дар минтақа мекунанд фарофиканӣ аст. Дар ҳоле, ки ҳар рӯз шоҳиди интишори яке аз ин гузоришҳои мустанад, бино бар ҳимояти Арабистон аз гурӯҳҳои террористӣ ҳастем. Шароити кунунии минтақа нишон диҳандаи ин ҳақиқат аст, ки агар ҳамкорӣ ва ҳамгароӣ набошад ва таҳдидҳои ноамнкунандаи минтақа ба дурустӣ дарк нашавад, осебҳо аз ин таҳдидҳо ҷиддӣ хоҳад буд. Мутаассифона бархе кишварҳо таҳти унвони эътилоф барои мубориза бо терроризм ба ҷои муборизаи воқеӣ бо террористҳо аз инҳо ҳимоят кардаанд. Бадеҳӣ аст, ки ин дугонагӣ аз нигоҳи миллатҳои минтақа ва ҷаҳон пинҳон нест.