Март 05, 2017 20:38 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби кулли буҷети соли 1396 Эрон

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрони буҷети соли 1396 кулли кишварро тасвиб карданд.

Ба гузориши хабаргузории маҷлиси Эрон, намояндагони маҷлиси Эрон рӯзи якшанбе моддаи воҳида, табсираҳо ва ҷадовили буҷети соли 1396 кулли Эронро бо саду шаст раъйи мувофиқ, нуздаҳ раъйи мухолиф ва чаҳор раъйи мумтанеъ аз маҷмуи 200 намояндаи ҳозир дар маҷлис тасвиб карданд .

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон чаҳоруми декабри 2016 дар ҷаласаи алании Маҷлиси Шӯрои исломӣ ҳозир шуд ва лоиҳаи буҷети кулли Эронро ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ тақдим кард .

Буҷети кулил Эрон дар маҷмуъ муодили 320 ҳазор миллиард тумон (ҳудуди 300 миллиард доллар) баровард шуда ва нисбат ба пешбинии амалкарди соли ҷории ҳиҷрии шамсӣ аз рушди муодили ҳашту ҳаштоду чаҳор даҳуми дарсадӣ бархурдор аст.

Ҳамчунин дар лоиҳаи буҷети кулли Эрон, қиммати ҳар бушкаи нафт 50 доллар дар назар гирифта шудааст .

 

Барчасп