Март 23, 2017 18:11 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти иқдоми террористӣ дар Лондон тавассути Вазорати умури хориҷаи Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иқдоми террористӣ ва хушунатборро дар Лондон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Баҳроми Қосимӣ бо ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи қурбониён ва осебдидагони ҳодисаи террористии Лондон, тамоми кишварҳоро ба шаклгирии як эътилоф ва ҳамкории содиқонаву фарогири байналмилалӣ ва иродаи ҷиддӣ барои мубориза бо терроризм даъват кард.

 Қосимӣ гуфт, Эрон ба унвони кишвари пештоз дар мубориза бо терроризм дар шаклҳои мухталиф, бар ин бовар аст, то замоне ки эътилофҳои ғайримуассир, нокоромад ва намоишӣ дар мубориза бо терроризм дар сутуҳи байналмилалӣ ва минтақаӣ ва ҳамчунин эъмоли меъёрҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ дар мубориза бо ин падидаи шуму ғайриинсонӣ вуҷуд дорад, ҳеч кишваре наметавонад худро аз терроризму террористҳо масун бидонад.

 Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзуд, терроризм дигар ҷуғрофиёву марз намешиносад ва барои хушконидани ришаҳои ин падидаи шуму нафратбарангез бояд шараёнҳои ирсоли силоҳу таҷҳизот ба террористҳо қатъ ва аз ҳимоятҳои моддиву маънавӣ ба кишварҳову гурӯҳҳои мураввиҷи афкори террористӣ - такфирӣ ҷилавгирӣ шавад.

Шоми чаҳоршанбе бар асари тирандозӣ дар муқобили сохтмони порлумони Британия панҷ нафар, аз ҷумла фарди муҳоҷим, як маъмури полис ва ду нафари дигар, ки ҳанӯз ҳуввияташон ошкор нашудааст, куштаву чиҳил нафар низ маҷрӯҳ шудаанд, ки ҳоли бархе аз маҷрӯҳон вахим гузориш шудааст.