Март 28, 2017 14:43 Asia/Dushanbe
  • Эътои унвони

Унвони "Доктори ифтихорӣ"-и Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) рӯзи сешанбе дар оини вижае ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тақдим шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Садовничи, раиси Донишгоҳи давлатии Маскав дар ин оин, ки бо ҳузури ҷамъи зиёде аз устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ баргузор шуд, гуфт, ба поси хидматҳо ва иқдомоти раисҷумҳури Эрон дар масири тақвияту тавсеаи равобити илмию академӣ миёни Эрону Русия унвони “Доктори ифтихорӣ”-и ин донишгоҳ ба эшон тақдим мешавад. Садовничи изҳор дошт, эътои ин унвон пас аз таъйиди Шӯрои илмии донишгоҳ анҷом гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин оин бо ташаккур аз эътои “Доктори ифтихорӣ”-и Донишгоҳи давлатии Маскав дар ҷамъи устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ тайи як суханронӣ муҳимтарин масоили байналмилалиро шаҳр дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ, ки ба даъвати расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия асри душанбе вориди Маскав шуд, пас аз ин оин дидори расмӣ бо раисҷумҳури Русия дар Кремл хоҳад дошт ва дар он равобити дуҷониба, минтақаию байналмилалии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Раисҷумҳури Эрон асри душанбе низ бо Дмитрий Медведов, нахуствазири Русия дидору гуфтугӯ кард. Ҳамчунин қарор аст, Рӯҳонӣ асри имрӯз дар бинои Ёдбуди қурбониёни Ҷанг Ҷаҳони Дувуми ҳузур ёбад.

Дидор бо эрониёни муқими Русия дар Маскав поёни бахши барномаи сафари расмии дурӯзаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия хоҳад буд.

 

Барчасп