Апрел 06, 2017 18:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷуми гардишгарони итолиёӣ барои сафар ба Эрон

Хабаргузории расмии Италия (ANSA), аз ҳуҷуми гардишгарони итолиёӣ барои сафар ба Эрон хабар дод.

Хабаргузории ANSA бо ишора ба афзоиши шумори гардишгарони итолиёие, ки ба Эрон сафар мекунанд, навишт, пас аз БАРҶОМ сафар ба Эрон барои гардишгарони итолиёӣ маҳбубтар ва санъати гардишгарӣ дар Эрон, акнун вориди як даврони тиллоӣ шудааст.

ANSA афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо барномарезиҳои чандсола ба тақвияти сохтори санъати гардишгарии худ мепардозад ва дар ҳоли афзоиши теъдоди меҳмонхонаҳо барои муқобила бо тақозоҳои фазояндаи байналмилалӣ аст.

Хабаргузории Италия ҳамчунин афзуд, дар соли 2016 ҳудуди 12 ҳазор нафар аз Италия ба Эрон сафар карданд, дар ҳоле, ки танҳо дар чанд моҳи нахусти имсол (2017), шаш ҳазор нафар аз шимоли Италия барои сафар ба Эрон билет резерв кардаанд.

ANSA таъкид кардааст, ҳамаи гардишгарони итолиёӣ бар ин ақидаанд, ки сафар ба Эрон сафар бидуни мушкил аст.