Бақоӣ: Иҷоза намедиҳем поёни ҷанг бар асоси шурути тарафи мутаҷовиз бошад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125488-Бақоӣ_Иҷоза_намедиҳем_поёни_ҷанг_бар_асоси_шурути_тарафи_мутаҷовиз_бошад
Порс Тудей- сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Мо ҳатман шуруъкунандаи ҷанг набудаем, аммо иҷзоа намедиҳем поёни ҷанг бар асоси шурути тарафи мутаҷовиз бошад.
(last modified 2026-08-24T15:34:52+00:00 )
Август 24, 2026 20:33 Asia/Dushanbe
  • Исмоили Бақоӣ сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон
    Исмоили Бақоӣ сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон

Порс Тудей- сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Мо ҳатман шуруъкунандаи ҷанг набудаем, аммо иҷзоа намедиҳем поёни ҷанг бар асоси шурути тарафи мутаҷовиз бошад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Исмоили Бақоӣ сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон рузи душанбе дар нишасти хабари изҳор дошт: Мо ҳеҷ мумошоти дар робита бо тарафҳои мутаҷовиз нахоҳем дошт Эрон оғозкунандаи ҷанг набуд балки аз ҳокимияти сарзаминии худ дифоъ карда аст мо ҳатман шуруъкунандаи ҷанг набудаем, аммо иҷоза намедиҳем поёни ҷанг бар асоси шурути тарафи мутаҷовиз бошад.

Бақоӣ дар мавриди иддаъоҳои мақомоти амрикоӣ дар бораи боз будани Тангаи Ҳурмуз низ гуфт: Инро бояд гуфт оқилон донад ин бахше аз ҷанги равонӣ ва расонаӣ аст, ки тарафҳои муқобил ба роҳ андохтанд ва чунин чизе нест.

Вай бо ишора ба сафари Осим Мунир ба Теҳрон таъкид кард: Робитаи ду ҷонибаи Эрон ва Покистон яке аз беҳтарин мароҳили худро тай мекунад ва ҳар ду тараф мусамам ҳастанд ин равобитро дар ҳамаи ҳавзаҳо густариш диҳанд.

Бақоӣ дар хусуси ҷанги иқтисодии Амрико зидди Эрон ҳам гуфт: Равшан шуд амрикое ки қарор буд ба кумаки эрониён биёяд аз ҳар абзори барои муҷозоти эрониён истифода мекунад дар ин замина ҳатман ҳушдорҳои лозим дода шуда аст ҳоло муҳосираи дарёӣ Эрон мисдоқи амали мутаҷовизкорона аст ва ташдиди он ҳатман паёмадҳои худашро дорад ва мо дастбаста нестем бар асоси ҳуқуқи байналмилал кишварҳои дигар муҷоз ба ҳамкории бо Амрико нестанд.