Зариф: Амрико дар канори “ал-Қоида” ва ДИИШ аст
(last modified Fri, 07 Apr 2017 13:50:05 GMT )
Апрел 07, 2017 18:50 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадҷаводи Зариф аз ҳамлаи Амрико ба Ҳимси Сурия интиқод кард
    Муҳаммадҷаводи Зариф аз ҳамлаи Амрико ба Ҳимси Сурия интиқод кард

Вазири умури хориҷии Эрон дар се паёми твиттерии паёпай аз ҳамлаи Амрико ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар Сурия интиқод кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар паёми аввали худ навишт: «Эрон ба унвони ягона қурбонии истифодаи васеъ аз таслиҳоти кимиёӣ дар даврони ахир (аз сӯйи Саддом дар даҳаи 80-и мелодӣ) истифода аз тамоми навъҳои таслиҳоти куштори ҷамъӣ аз сӯйи ҳар касе алайҳи ҳар каси дигарро маҳкум мекунад». Зариф дар паёми дувуми худ афзуд: «Амрико дар даҳаи 80-и милодӣ ба Саддом кӯмак кард, то алайҳи Эрон аз силоҳи кимиёӣ истифода кунад, сипас бо иддаоҳои дурӯғин дар бораи таслиҳоти кимиёӣ бо истифода аз нерӯи низомӣ мутавассил шуд, аввал дар соли 2003 ва акнун дар Сурия».

Вазири умури хориҷии Эрон дар сеюмин паёми худ дар шабакаи иҷтимоии “Твиттер” низ навишт: «Ду даҳа аз воқеаи 11-уми сентябр нагузашта, ки нерӯҳои низомии Амрико дар як ҷабҳа дар канори “ал-Қоида” ва ДИИШ дар Яману Сурия меҷанганд. Вақти он расида, ки ба таблиғоти ҷанҷолӣ ва махфикорӣ поён дода шавад».

Артиши Амрико бомдоди ҷумъа бо шиллики 59 мушак ба пойгоҳи ҳавоии “Шаирот”-и вилояти Ҳимси Сурия ҳамла кард. Баҳонаи ин таҷовуз ҳамлаи кимиёии машкуки чанд рӯз пеш ба минтақаи Хон-Шайхуни вилояти Идлиб гуфта мешавад.