Сафири Ҳолланд дар Эрон: Меъмории оромгоҳи Фирдавсӣ бисёр бошукӯҳ аст
Сафири Ҳолланд дар Эрон дар боздӣд аз оромгоҳи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоири номии эронӣ дар шаҳри Туси Машҳад дар устони Хуросони Разавии Эрон, ин биноро бошукӯҳ хонд ва аз меъмории он изҳори шигифтӣ кард.
Ба иттилои Ирно, Сюзанна Терстал, сафири Ҳолланд дар Эрон дар боздид аз маҷмуаи фарҳангӣ ва торихии оромгоҳи Фирдавсӣ гуфт: Оромгоҳи Фирдавсӣ ба хусус меъмории он бисёр ҷаззобу дӯстдоштанӣ аст .
Терстал бо ибрози хурсандӣ аз сафар ба Машҳад ва боздӣд аз оромгоҳи бузургтарин ҳамосасарои ҷаҳон гуфт, нахустин бор аст, ки ба Машҳад сафар мекунад, вале дар мавриди Эрон ва Ҳакими Фирдавсӣ пеш аз ин мутолиа кардааст .
Сюзанна Терстал сафири Ҳолланд дар Эрон ва Эстер Кийш Ларош, намоянда ва мудири дафтари минтақаии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид (UNESCO) дар Теҳрон ба манзури баррасии тарҳи бозгушоии ҳарим ва бистари рӯдхона Кашафруд ба Машҳад сафар кардаанд .