Апрел 12, 2017 21:11 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрузи вафоти ҳазрати Зайнаб (с)

Фардо (5 шанбе) 15 раҷаби соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 13 апрели 2017 солгарди вафоти ҳазрати Зайнаб (с), наваи паёмбари гиромии ислом ва фарзанди ҳазрати Фотима (с) ва ҳазрати Алӣ (а), имоми аввали шиаёни ҷаҳон дар соли 63 ҳиҷрии қамарӣ аст.

Ҳазрати Зайнаб (с) дар канори бародараш ҳазрати имом Ҳусайн (а) аз наберагони поки паёмбари гиромии ислом (с), бо ҷарёни мутаҳаҷҷир ва мунҳарифе мубориза мекарданд, ки ба исми дифоъ аз ислом, фоҷеаи бузурги Карбалоро ба вуҷуд оварданд .

Эшон пас аз шаҳодати бародари бузургворашон имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафояш, ба ҳамроҳи дигар хонадони аҳли байти исмату таҳорат (а) ба асорат бурда шуданд, аммо дар ҷарёни ҳамин асорат, бо хутбаҳои пуршӯру мантиқӣ, моҳияти пасту фосиди дастгоҳи ҳукумати бани умаййяро ифшо карданд .

Наҳзати хунини имом Ҳусайн (а) бо ифшогариҳои ҳазрати Зайнаб (с) дар Куфа ва Шом алайҳи дастгоҳи ҳукуматии фосиди Язид, аҳдофу фалсафаи қиёми имом Ҳусайн (а)-ро барои ҳамеша мондагор кард .

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солгарди вафоти ҳазрати Зайнаб (с)-ро ба ҳамаи мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд .