Апрел 16, 2017 13:56 Asia/Dushanbe
  • як ҳазору 636 нафар барои раёсатҷумҳурӣ, номнависӣ карданд
    як ҳазору 636 нафар барои раёсатҷумҳурӣ, номнависӣ карданд

Раиси Ситоди интихоботи Эрон гуфт, бо поёни замони қонунии сабти номи номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии давраи давоздаҳум, дар маҷмӯъ як ҳазору 636 нафар барои раёсатҷумҳурӣ, номнависӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Алиасғари Аҳмадӣ- раиси Ситоди интихоботи Эрон, гуфт, 137 нафар аз ин теъдод, зан ва як ҳазору 499 нафар мард ҳастанд.

Вай афзуд, ҷавонтарин касе, ки сабти ном кард, 18 сола ва мусинтарин фард, 92 сола аст.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ- муовини аввали раисиҷумҳури Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф-шаҳрдори Теҳрон, Ҳамидризо Ҳоҷӣ Бобоӣ- намояндаи маҷлис, Содиқи Халилиён-вазири ҷиҳоди кишоварзии давлати даҳум, Аваз Ҳайдарпур-намояндаи собиқи маҷлис, Сайид Аҳмади Мусавӣ-муовини парлумони давлати нӯҳум, Муҳаммади Ҳошимии Баҳрамонӣ- узви Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, Муҳаммадмаҳдии Зоҳидӣ- намояндаи маҷлис, Ҳасани Биёдӣ- Дабири кулли ҷамъияти Ободгарон ва Абдулҳусайни Муқтадоӣ- устондори собиқи Хузистон аз чеҳраҳои шинохта шудае буданд, ки рӯзи шанбе сабти ном карданд.

Раиси Ситоди интихоботи Эрон гуфт, иттилооти довталабон ба сурати онлойн ба Шӯрои нигаҳбон ирсол шуда ва ин шӯро, панҷ рӯз фурсат дорад салоҳиятҳоро баррасӣ кунад.

Вай афзуд, агар лозим бошад Шӯрои нигаҳбон метавонад, ин замонро панҷ рӯзи дигар ҳам тамдид кунад.

Ба гуфтаи раиси Ситоди интихоботи Эрон, аз замоне, ки асомии номзадҳо ба вазорати кишвари Эрон иблоғ шавад, яъне аз рӯзи 28 апрел, таблиғоти интихоботии номзадҳои раёсатҷумҳурӣ ба муддати 20 рӯз озод хоҳад буд.  

12- умин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, ҳамзамон бо интихоботи шӯроҳои исломии шаҳр ва русто, 19 майи 2017 баргузор мешавад.

 

Барчасп