Матни ҳукми танфизи раисҷумҳури мунтахаби Эрон
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари инқилоби исломӣ тайи ҳукме, бо танфизи раъйи миллати Эрон дар интихобот, ҷаноби оқои доктор Масъуди Пизишкиёнро ба унвони раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон мансуб карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо матни ҳукми танфизи оқои Пизишкиён ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Валҳумдулиллоҳи раббил-оламин ва саллаллооҳу ало Муҳаммад ва олиҳи тоҳирина симо бақиятиллоҳил фил-оламин
Сипос Парвардгори доно ва тавоноро, ки бори дигар Эрони исломиро сарафроз ва чеҳраи миллати азимушшаънро дурахшон сохт; Озмуни сарнавиштсози интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба ҳиммати мардум ва масъулон, дар шароити душвор бо оромиш ва матонат ба саранҷом расид ва шахсияти баргузидаи миллат барои адои масъулияти бузург омода гашт.
Чаҳордаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурӣ, пас аз давраи нотмоммондаи раисҷумҳури фақиди шаҳид, яке аз ифтихороти миллати Эрон ва нишонаи истиқрори низоми пойдори исломӣ ва ҳокӣ аз ақлоният ва матонати фазои сиёсии кишвар аст. Нигоҳ ба бархе падидаҳои нописанд дар бархе аз озмунҳои мушобеҳ дар бархе аз манотиқи ҷаҳон нишондиҳандаи барҷастагии Эрон ва эронӣ аст.
Акнун инҷониб бо ташаккур аз ҳамаи касоне, ки дар халқи ин ифтихор нақш офаридаанд, ба пайравӣ аз миллати бузург, раъй онон ба шахсияти фарзона ва содиқ ва мардумӣ ва донишманд ҷаноби оқои доктор Масъуди Пизишкиёнро танфиз ва эшонро ба раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон мансуб мекунам; Ва бо дуо ва орзуи самимона барои муваффақияти ишон, ёдоварӣ мекунам, ки раъйи миллат ва танфизи инҷониб то ҳар замон, ки машйи ҳамешагии ишон дар паймудани сироти мустақими Ислом ва Инқилоб барқарор бошад, идома хоҳад дошт.
Вассалом ало ибодуллоҳис-солиҳин
Сайид Алии Хоманаӣ
7/мурдод/1403