Аҳамияти интихобот дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
(last modified Mon, 08 May 2017 11:59:40 GMT )
Май 08, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти интихобот дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

 Мақулаи интихобот дар кишварҳое, ки аз низоми ҷумҳурии мубтанӣ бар шеваи демократӣ ва орои мардум бархурдоранд ва мардум дар шаклгирии аркони ҳукумат нақши умдаро ифо мекунанд, аз аҳамияти зиёде бархурдор аст ва роҳкори умдаи ин гуна низомҳо барои ҷалби мушорикату ҳузури мардум ба ҳисоб меояд.

Ба ибораи дигар яке аз абзорҳои фароҳамоварандаи ҳузур ва мушорикати мардум дар як низоми мардумсолор баргузории интихобот ва баргузидани афроди лозим барои ишғоли масъулиятҳо аст, то аз ин тариқ иродаи мардум дар аркони низом амалӣ шавад.

Собиқаи интихобот дар Эрон ба даврони Инқилоби машрута (соли 1906) бармегардад. То пеш аз машрута низоми сиёсии Эрон бар истибдод ва худкомагии қудрат ё истибдоди муталлақа мубтанӣ буд. Дар низомҳои истибдодӣ иродаи миллат дар умури кишвар нақше надошт ва тамоми умур дар дасти шоҳ мутамаркиз буд. Ба ибораи дигар шохаҳои ҳокимияти имрӯза, қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳама дар ихтиёри шоҳ буд ва ӯ тасмимгирӣ мекард. Пирӯзии Инқилоби машрута мӯҷиб шуд, то ниҳодҳои маданӣ дар кишвар шакл гирад. Низоми истибдоди муталлақа ба машрутаи салтанатӣ табдил ва аз қудрати шоҳ коста шуд. Ниҳодҳои давлатӣ ва кобинаи вузаро ба унвони қувваи иҷроия ба таври расмӣ шакл гирифт, парлумон ё Маҷлиси Шӯрои Миллӣ таъсис ва кишвар дорои Қонуни Асосӣ шуд. Аҳзобу рӯзномаҳо падид омаданд ва ҳамчунин масъалаи интихобот, ки дар Қонуни Асосии машрута пешбинӣ шуда буд, матраҳ шуд. Албатта, ин интихобот умдатан марбут ба ташкили Маҷлиси Шӯрои Миллӣ мешуд, ки аз кушоиши аввалин маҷлис пас аз Инқилоби машрута дар соли 1907  то пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979, яъне аз авохир Қоҷория ва дар тӯли ҳукумати Паҳлавӣ (ҳудуди 72 сол) ҳабдаҳ Маҷлиси Шӯрои Миллӣ ташкил гардид, ки метавон гуфт, ҳабдаҳ бор интихобот баргузор шуд, ки дар ин интихоботҳо камтар иродаи мардум дахолат дошт. Аз он ҷо ки дар низоми машрута подшоҳ вуҷуд дошт ва низоми ҷумҳурӣ дар миён набуд, интихоботи раёсатҷумҳурӣ низ маъно надошт.

 Дар Эрон нахустин бор пас аз пирӯзи Инқилоби Исломӣ интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд. Ба таври куллӣ интихобот аз ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ барои мардум ва кишвари мо аҳамият дорад. Аз ҷанбаи ҳуқуқӣ асли бадеҳеист, ки дар низомҳои мубтанӣ бар иродаи миллат интихобот ҳаққи табиӣ мардум аст. Бо ин ҳақ иродаи хешро дар ҳокимият эъмол мекунанд ва сарнавишти кишвари худро бо ҳузури фаъолона ва мушорикати огоҳона ва густурда таъйин мекунанд. Мардум бо ширкат дар интихобот навъе назорат бар умур ва масири ҳаракати ҷомеаи худ эъмол намуда ва саломати раванди умумии кишвари худро таъмин мекунанд. Бинобар ин ба сабаби ҳамин ҳаққе, ки қонун ба онон дода, вазифа ва масъулияте низ бар уҳдаи онон қарор гирифта, ки он эъмоли ин ҳақ аст ва аз тариқи ҳузуру мушорикат дар интихобот амалӣ хоҳад шуд.

Фусуле аз Қонуни асосии ҷумҳурии исломӣ дарбаргирандаи ҳаққи миллат дар умури кишвар аст. Асли аввал аз фасли аввал, ҳукумати Эронро ҷумҳурии исломӣ эълом карда, ки миллати Эрон бо додани раъй онро таҳаққуқ бахшидаанд. Бинобар ин навъи низом, мубтанӣ бар ирода, ҳузур ва интихоби миллат аст. Илова бар шакл бахшидан ба низом, тасбит ва идомаи аркони мухталифи он дар раванди ҳаёти низом низ бар ӯҳдаи мардум гузошта шудааст. Дар асли шашуми фасли аввали Қонуни асосӣ омадааст: “Дар ҷумҳурии исломӣ, умури кишвар бояд ба иттикои орои умумӣ идора шавад, аз роҳи интихобот, мисли интихоби раиси ҷумҳур, намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ, аъзои шӯроҳо ва назоири онҳо”.

Ин асл нишон медиҳад, ки орои умумӣ дар ҳама аркони муҳими низом матраҳ аст. Дар асли 56, фасли панҷуми ҳамин қонун таҳти унвони “ҳаққи ҳокимият, миллат ва қувои ношӣ аз он” омада: ҳокимияти мутлақ бар ҷаҳон ва инсон аз они Худост ва ҳам Ӯ инсонро бар сарнавишти иҷтимоии хеш ҳоким сохтааст ва ҳеҷ кас наметавонад ин ҳаққи илоҳиро аз инсон бигирад ва миллат ин ҳаққи Худододро аз тариқе, ки дар усули баъд меояд (яъне интихоботи мухталиф) эъмол мекунад. Дар асли 59 ҳам масоили бисёр муҳими иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро аз роҳи ҳамапурсӣ ва муроҷиаи мустақим ба орои мардум амалӣ медонад. Дар асли 62, Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз намояндагон миллат, ки ба таври мустақим ва бо раъй махфӣ интихоб мешаванд, ташкил мегардад ва дар асли 114 ҳам дар бораи раиси ҷумҳур омада, ки бо раъйи мустақими мардум интихоб мешавад.

Бинобар ин интихоб ҳаққи қонунии мардум ва ҳаққе аст, ки Худованд бо ҳоким кардани инсонҳо бар сарнавишти иҷтимоии худ бар ӯҳдаи онон гузоштааст. Роҳкори иҷро барои рақам задани ин сарнавишти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, мушорикат дар умури ҷомеа ва саҳнаҳои мухталифи интихобот аст, ки аз ин тариқ мардум ҳаққи илоҳӣ ва худододии худро эъмол мекунанд.

 Аз ҷанбаи сиёсӣ, интихобот нишондиҳандаи огоҳӣ ва шуури сиёсии мардуми як ҷомеа ва ҳассосиятҳои онон ба низоме аст, ки дар он ба сар мебаранд. Дар буъди дохилӣ, интихобот иродаи миллиро ба маърази намоиш гузошта ва нишон медиҳад, ки мардум аз иттиҳод, якпорчагӣ ва азми миллӣ бархурдоранд ва дар буъди хориҷӣ низ иқтидори миллӣ ва шавкати сиёсии худро ба ҷаҳониён нишон медиҳад ва кишварҳои дигар бар асоси мизони оро ва ҳузури мардум ва ҳассосиятҳои онон дар умуре, ки мустаҳкамкунандаи як низоми маданӣ аст, равобити худро танзим мекунанд. Аз ҷанбаи миллӣ низ интихобот муҳим аст, зеро ҳаёт ва сарбаландӣ ва иззати як миллат дар дасти худашон аст. Агар хоҳони чунин иззат ва сарбаландӣ ҳастанд, ногузир бояд дар умуре, ки ба кишвар марбут мешавад, иродаи миллӣ ва рӯҳи ҷамъеии худро ба намоиш бигузоранд ва аз ҳувияти миллии хеш ҳаросат кунанд. Бешак интихобот таҷаллигоҳи зуҳури ин иродаи ҷамъӣ аст ва яке аз фусули муҳими мисоқи миллии мо, яъне Қонуни асосӣ: “интихобот” аст, ки моро ба ҳузур дар он мулзам мекунад.

Илова бар ин маворид, дар ҷомеа мо, ки ҷомеае исломӣ аст ва мардум ба мабонии динӣ пойбанд ҳастанд, тамоми умуре, ки ба наҳве ба ҳаёти дин ва мамлакати исломӣ иртибот пайдо мекунад, вазифа ва тааҳҳуд ва масъулияти болотаре ҳам эҷоб мекунад ва он таклифи шаръӣ ва масъулияти динӣ аст, ки шаҳрвандони мусулмон дар баробари Худо, аҳком ва муқаррароти динӣ доранд. Аз ин рӯ, бо он ки интихобот тибқи Қонуни асосӣ, ҳаққест бар ӯҳдаи мардум, ки аз тарафи онон мибоист эъмол шавад, аҳамияти сиёсӣ ва миллии он дар ҷомеаи динӣ як вазифаи динӣ низ маҳсуб мешавад, ки сарнавишти ҷомеаи исломӣ бо он рақам мехӯрад ва зимомдорону коргузорони шоиста барои тасаддии масъулиятҳо баргузида мешаванд.