Канорагирии Ҷаҳонгирӣ ба нафъи Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон
(last modified Wed, 17 May 2017 03:40:53 GMT )
Май 17, 2017 08:40 Asia/Dushanbe
  • Канорагирии Ҷаҳонгирӣ ба нафъи Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи сешанбе дар баёнияе канорагирии худро аз идомаи рақобатҳои интихоботии раёсати ҷумҳурӣ ба нафъи Ҳасани Рӯҳонӣ, дигар номзади ин интихобот эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ дар ин баёния аз тарафдорони худ хостааст, бо мушорикату ҳузури муассири худ дар интихобот, ба кӯмаки Рӯҳонӣ ва давлати ӯ биёянд, ки мехоҳад корҳои бузургеро бо қуввату қудрати бештар ба пеш барад.

Рӯзи душанбе низ Муҳаммадбоқири Қолибоф, номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар баёнияе канорагирии худро аз интихобот эълом карду аз ҳомиёни худ хост, ки ҳамаи зарфияту ҳимояти худро барои муваффақияти Иброҳими Раисӣ, дигар номзади интихобот ба кор гиранд.

Бо канорагирии ин ду номзад аз рақобатҳои интихоботӣ, рақобати ҷиддӣ байни Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии феълии Эрон ва номзади гуруӯи ислоҳталабон дар ин кишвар ва Сайид Иброҳими Раисӣ, номзади усулгароён мутамаркиз шудааст.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи ҷумъаи оянда баргузор мешавад.