Май 19, 2017 09:19 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи рӯзи ҷумъа дар нахустин дақоиқи оғози раъйгирӣ, раъйи худро ба сандуқ андохтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи рӯзи ҷумъа дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) Теҳрон, раъйи худро ба сандуқ андохтанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, бар ширкати ҳар чӣ бештари мардум дар интихобот таъкид карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз андохтани раъйи худ ба сандуқ гуфтанд: «Худои мутаолро бар неъмати мардумсолорӣ, интихобот ва ҳузури мардум сипосгузорӣ мекунам. Ин неъмати бузурге аст ва биҳамдулиллоҳ мардуми мо ҳам, шукргузори ин неъмат ҳастанд, чун мебинед, ки ширкат мекунанд.»

Эшон афзуданд: «Мӯътақидам кори некро бояд дар аввали вақти он анҷом дод ва таъхир набояд андохт.»

Раҳбари муаззами инқилоб дар идома хотирнишон карданд, тавсияи ман ба ҳамаи мардум ин аст, ки бо шинохт ва бо диққат ширкат кунанд.

Мақоми муаззами Раҳбарӣ ҳамчунин аз масъулони Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вижа хабарнигорон, ки кори муҳимми интиқоли ахбори интихоботро бар ӯҳда доранд, ташаккур карданд.

 

Барчасп