Май 19, 2017 14:52 Asia/Dushanbe

Бо вуҷуди он ки ҳудуди панҷ соат ба поёни қонунии замони раъйгирӣ боқӣ монда, тақрибан дар ҳама шуъбаҳои раъйдиҳӣ дар саросари Эрон сафҳои тӯлонӣ ташкил шудааст.

Бинобар хабарҳои расида, истиқболи эрониён аз интихоботи имрӯз чашмгир аст ва эҳтимол дорад, замони раъйгирӣ тамдид шавад. Вазири кишвари Эрон аз мардум хостааст, дар замони 10-соатаи эъломшуда раъй худро ба сандуқҳо баёндозанд, то ниёзе ба тамдиди чандинбораи замони раъйгирӣ набошад. Дар устони Хуросон Разавӣ низ ҳамчун саросари Эрон гузоришҳо аз ҳузури густурдаи мардум дар шуъбаҳои раъйдиҳӣ ҳикоят дорад.

Эрониёни аҳли суннат дар шаҳристонҳои Хуф, Тоибод ва Турбати Ҷоми Хуросони Разавӣ ҳампои ҳамватанони шиамазҳаби худ дар интихобот ширкат мекунанд. Ақаллиятҳои динӣ чун масеҳиён, зартуштиён ва яҳудиён низ, агарчи дар устони Хуросон Разавӣ камшумор ҳастанд, аммо аз ҳаққи худ барои таъйини сарнавишти кишваршон истифода мекунанд.

 

Барчасп