Май 21, 2017 17:17 Asia/Dushanbe

Вазири додгустарии Эрон гуфт, бо вуҷуди тайиди ҳукми Бобаки Занҷонӣ ҳануз қарзҳои ин муттаҳам ба сурати комил пардохт нашудааст.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Мустафо Пурмуҳаммадӣ дар бораи охирин ҷузъиёти расидагӣ ба парвандаи Бобаки Занҷонӣ афзуд: Иқдомоте барои шиносоии ҳамдастони вай сурат гирифта ва онон дар марҳалаи бозпурсӣ қарор доранд.

Пурмуҳаммадӣ гуфт: Дар ин парванда токунун натоиҷи малмуси қобили ироае ба даст наомадааст, аммо умедворем, дар идомаи раванди расидагӣ ба натоиҷи хубе бирасем .

Вазири додгустарӣ тасреҳ кард: Мутаасифона токунун дороиҳое, ки аз сӯи Бобаки Занҷонӣ ироа шуда, ба сахтӣ ду ҳазор миллиард тумон (Ҳудуди 540 миллион доллар) мешавад, дар ҳоле ки қарзҳои ин муттаҳам беш аз 12 ҳазор миллиард тумон (се миллиарду 240 миллион доллар) бо ҳадди ақали фоида тахмин зада шудааст .

Пурмуҳаммадӣ афзуд: Фосилаи қарзи Занҷонӣ бо дороиҳое, ки аз ӯ шиносоӣ шуда, бисёр зиёд аст ва наметавонем талаби миллати Эронро баргардонем .

Додгоҳҳои расидагӣ ба парвандаи нафтии соли 94 дар 25 ҷаласаи аланӣ ва як ҷаласаи ғайриаланӣ бо ҳузури Бобаки Занҷонӣ, муттаҳами радифи аввал, (М.Ш) ва (Ҳ.Ф.Ҳ) муттаҳамони радифи дуввум ва сеюми парванда ба раёсати қозии Салавотӣ дар шуъбаи 15 додгоҳи инқилоб баргузор шуд .

Бобаки Занҷонӣ муттаҳами радифи аввали парвандаи бузурги фасоди нафтӣ дар Эрон бо ҳукми додгоҳи инқилоб, муфсидулфиларз шинохта ва ба эъдом, бозгардондани мол ва ҷазои нақдӣ маҳкум шудааст .

Бобаки Занҷонӣ чанде қабл дархости аз сар гирифта шудани додрасӣ дод .