Май 21, 2017 17:47 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики катбии раисҷумҳури Афғонистон ба Ҳасани Рӯҳонӣ

Раисҷумҳури Афғонистон бо ирсоли паёме катбӣ ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон, интихоби муҷаддади вайро табрик гуфт.

Ба гузориши Ирно, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, рӯзи шанбе дар паёме катбӣ ба Ҳасани Рӯҳонӣ бо ибрози хурсандӣ аз ҳамкории наздики Эрону Афғонистон дар солҳои гузашта ва талошҳои суратгирифта дар ростои наздикии ҳарчи бештари ду миллат ва баҳрагирӣ аз фурсатҳои мавҷуд барои рушди ҳамкориҳо, аз дастовардҳои муштараки ду кишвар ибрози ризоят карда ва густариши ҳамкориро хостор шуд .

Раисҷумҳури Афғонистон ҳамчунин дирӯз дар тамоси телефонӣ бо Муҳаммадризо Баҳромӣ, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул, пирӯзии Ҳасани Рӯҳониро табрик гуфту афзуд, интизор меравад, равобити ду кишвар ба масобеҳи ду ҳамсояи наздик, бар асоси асли ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобил беш аз пеш тавсеа ёбад .

Бар асоси эъломи натоиҷи ниҳоии давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии исломии Эрон, ки рӯзи ҷумъа дар Эрон ва 102 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, Ҳасани Рӯҳонӣ бо касби беш аз 23 миллион раъй, бори дигар раисҷумҳури Эрон шуд .

 

Барчасп