Май 27, 2017 19:50 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Теҳрон мусаммам ба тадовуми ҳамкориҳои сеҷонибаи Эрон, Русия ва Сурия аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ҳамкориҳои Теҳрон ва Маскав дар ҳавзаи тақвияти сулҳу субот ва мубориза бо терроризм бавижа дар Сурия, бар тадовуми ин ҳамкориҳо таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи шанбе бо қадрдонӣ аз тамоси телефонии Владимир Путин-раисиҷумҳури Русия, гуфт, Теҳрон аз таомулоти сеҷонибаи Эрон, Туркия ва Русия барои ҳифзи оташбас дар Сурия, таҳти ҳидояти Созмони Милали Муттаҳид, ҳимоят мекунад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бархе аз фаъолитҳои кишварҳо, аз ҷумла давлати ҷадиди Амрико ва Арабистон мӯҷиби печидатар шудани авзои минтақа мешавад афзуд, ҳамаи кишварҳо бояд барои муборизаи воқеӣ бо терроризм ва эҷоди субот дар минтақа муттаҳид шаванд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба раванди рӯ ба тавсеаи равобити иқтисодии Теҳрон ва Маскав дар солҳои ахир, тасреҳ кард, Теҳрон аз тавсеаи ҳамкориҳо бо Маскав дар проектҳои муҳимми зерсохтӣ ва санъатӣ ва тақвият равобит дар ҳавзаҳои энержӣ ва бонкӣ ҳимоят мекунад.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки Теҳрон ба тааҳҳудоти худ дар иҷрои БАРҶОМ, то замоне, ки дигар тарафҳо низ ба тааҳҳудоташон амал кунанд, пойбанд аст, таъкид кард, Эрон омодаи иҷроӣ ва амалиётӣ кардани тавофуқоти ҳастаии худ бо Русия аст.

Путин низ дар ин тамоси телефонӣ бо табрики пирӯзии муҷаддади Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, бо ибрози нигаронӣ аз иқдомоти таҷовузгаронаи бархе кишварҳо дар Сурия изҳор кард, ҳузури Русия ва Эрон дар Сурия бар асоси даъвати давлати қонунии ин кишвар ва дар чорчӯби мавозини ҳуқуқи байналмилалӣ аст ва ин талошҳо ва ҳамкориҳо барои тақвияти сулҳу субот дар минтақа ва Сурия идома хоҳад дошт.

Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин ба зарурати пойбандӣ ба БАРҶОМ ва ҳамкориҳои Теҳрон ва Маскав дар ҳавзаи энержии ҳастаӣ ишора кард ва афзуд, ҳамкориҳои Теҳрон – Маскав дар ин замина, бар асоси ҳуқуқи байналмилал ва эътимоди болои ду кишвар ба якдигар густариш меёбад.

 

Барчасп