Қувваи қазоияи Эрон: Бобаки Занҷонӣ ҳамкорӣ намекунад
(last modified Wed, 31 May 2017 14:54:46 GMT )
Май 31, 2017 19:54 Asia/Dushanbe
  • Қувваи қазоияи Эрон: Бобаки Занҷонӣ ҳамкорӣ намекунад

Сухангуи Қувваи қазоияи Эрон гуфт, Бобаки Занҷонӣ ба баргардондани пулҳо, ки метавонад муҷозоташро сабуктар кунад, кумаке намекунад.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Ғуломҳусайни Муҳсинии Ажаӣ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ гуфт: Агар Бобаки Занҷонӣ дар парвандаи худ кумак кунаду пулҳо ҳам баргардад, дар тахфифи муҷозоташ бетаъсир нест, аммо ӯ токунун чунин кумаке накардааст.

Вай афзуд: Чанд моҳест, ки Бобаки Занҷонӣ ба ҳамроҳи чанд муттаҳами дигар дар ихтиёри Вазорати иттилооти Эрон қарор доранд, то кумак кунанд, пулҳо баргардад, аммо токунун натиҷае ҳосил нашудааст.

Муҳсини Ажаӣ гуфт: Бар асоси суханони муттаҳамон, намояндагони Қувваи қазоия ва Бонки марказӣ ба кишварҳое, ки муттаҳамон ишора карда буданд, рафтанд, аммо онҷо ҳам хабаре набуд.

Вай иллати тӯлонӣ шудани раванди расидагӣ ба парвандаи Бобаки Занҷониро ҳаҷми болои парванда ва диққати бисёри коршиносони Қувваи қазоияи Эрон дар бораи он донист .

Муҳсинии Ажаӣ аз Вазорати умури хориҷа ва Бонки марказии Эрон низ хост, ҳамкориҳои худро афзоиш диҳанд, то расидагӣ ба парвандаи Бобаки Занҷонӣ шитоб гирад .