Лориҷонӣ: Эрон дар мубориза бо терроризм дар канори Афғонистон аст
(last modified Fri, 02 Jun 2017 11:40:10 GMT )
Июн 02, 2017 16:40 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ: Эрон дар мубориза бо терроризм дар канори Афғонистон аст

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонае ба раисони маҷолиси миллӣ ва намояндагони Афғонистон иқдоми омилони инфиҷори террористии ахир дар Кобулро маҳкум кард.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар паёмҳои ҷудогонае ба Абдурауф Иброҳимӣ ва Фазлҳодӣ Мусалламёр, раисони маҷолиси Афғонистон терроризму ва ифротгароиро таҳдиде барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста таъкид кард, Эрон дар канори ҳукумату миллати Афғонистон дар мубориза бо терроризм, барқарори оромишу амният дар ин кишвар аст ва аз ҳеҷ гуна кумаке дар ин замина дареғ нахоҳад кард. Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҳамчунин зимни таслият ба давлату миллати Афғонистон бо бозмондагони ҷонбохтагони инфиҷори террористӣ дар Кобул ибрози ҳамдардӣ кард.

Инфиҷори террористии субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи дипломатнишини Кобул ҳудуди 100 кушта ва 500 захмӣ бар ҷой гузошт. Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин инфиҷорро ба уҳда гирифтааст.