Лориҷонӣ: Ақли Трамп ба иродаву рашодати миллати Эрон намерасад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124412-Лориҷонӣ_Ақли_Трамп_ба_иродаву_рашодати_миллати_Эрон_намерасад
“Порс-Тудей”. Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид кард, ақли Трамп намерасад, намедонад миллати Эрон миллате рашид ва боирода аст ва ҳарчӣ ӯ бештар фишор биоварад, иродаи миллати Эрон қавитар хоҳад шуд.
(last modified 2026-03-13T13:21:27+00:00 )
Март 13, 2026 18:18 Asia/Dushanbe
  • Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон
    Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон

“Порс-Тудей”. Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид кард, ақли Трамп намерасад, намедонад миллати Эрон миллате рашид ва боирода аст ва ҳарчӣ ӯ бештар фишор биоварад, иродаи миллати Эрон қавитар хоҳад шуд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи ҷумъа бо ҳузур дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Теҳрон, дар гуфтугӯе изҳор дошт: Ақли Трамп намерасад ва намедонад, ки миллати Эрон миллате рашиду қавӣ ва боирода ҳастанд, ҳарчӣ ӯ бештар фишор биоварад, иродаи миллати Эрон қавитар хоҳад шуд.

Вай дар посух ба пурсише дар хусуси иллати ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба масири роҳпаймоёни Рӯзи ҷаҳонии Қудс чист, гуфт: Ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ аз тарс ва ноумедӣ аст. Инки ба роҳпаймоии мардум ҳамла мекунанд, нишон медиҳад, ки кам овардааст.