Июн 03, 2017 18:41 Asia/Dushanbe
  • Раиси Созмони муҳити зисти Эрон: Тавофуқи Порис бо хурӯҷи Амрико фурӯ  намепошад

Раиси Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон, бо ишора ба хурӯҷи Амрико аз “Тавофуқи обуҳавои Порис” гуфт, нишасти Порис як тавофуқи ҷаҳонӣ аст ва бо хурӯҷи як кишвар аз ҳам намепошад.

Маъсума Ибтикор рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, 194 кишвар “Тавофуқи Порис”-ро имзо кардаанд ва беш аз 160 кишвар ба таври расмӣ ба он пайвастаанд бинобар ин, ин тавофуқнома заминаи мустаҳкаме дорад.

Вай тасреҳ кард, Доналд Трамп,раисиҷумҳури Амрико қасди ҳиллагарӣ дорад дар ҳоле, ки тамоми кишварҳо эълом кардаанд, ин мавзӯъ қобили ҳиллагарӣ нест.

Маъсума Ибтикор хотирнишон кард, бисёре аз раҳбарони ҷаҳон ва ҳатто бархе аз аёлтҳои Амрико ин ҳаракати Трампро маҳкум кардаанд.

Доналд Трамп рӯз панҷшанбе бо эъломи хурӯҷи ин кишвар аз “Тавофуқномаи тағйироти обуҳавои Порис” муддаӣ шуд, ин тавофуқнома ҳеҷ суде барои Амрико надоштааст. Муоҳидаи Порис бо мавзӯъи тағйироти ҷавӣ ва тадобири лозим барои ҷилавгирӣ аз авоқиби фоҷиаомези он, тавофуқномае аст, ки дар пайи музокироти тӯлонӣ ба ибтикори Созмони Милали Муттаҳид, дар дувоздаҳуми декабри 2015 ба имзои 194 кишвар расид ва дар 2016 ба марҳалаи иҷро даромад.

Трамп аз ибтидои таблиғҳои интихоботии худ, зимни инкори ҳамаи таҳдидҳои ношӣ аз тағйироти ҷавӣ ва асароти фоҷиабори он, берун омадани Амрико аз муоҳидаи Порисро ба унвони яке аз иқдомоти фаврии худ бо ҳадафи лағв ва дарҳам рехтани ҳамаи муқаррароти раисиҷумҳури пешини Амрико эълом карда буд.

 

Барчасп