Генерал Илҳомӣ : Тавлиду ҷойгузинии сомонаҳои падофандии Эрон дар ҳоли анҷом аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125504-Генерал_Илҳомӣ_Тавлиду_ҷойгузинии_сомонаҳои_падофандии_Эрон_дар_ҳоли_анҷом_аст
Порс тудей - Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоии артиши Эрон ва фармондеҳи қароргоҳи муштараки падофанди ҳавоии Хотамуланбиё ( с )-и Ҷумҳурии исломии Эрон аз тавлиду ҷойгузинии сомонаҳои падофандӣ(дифои зиддиҳавоӣ) хабар дод .
(last modified 2026-08-26T09:13:32+00:00 )
Август 26, 2026 14:11 Asia/Dushanbe
  • Генерал Илҳомӣ-Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоии артиши Эрон
    Генерал Илҳомӣ-Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоии артиши Эрон

Порс тудей - Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоии артиши Эрон ва фармондеҳи қароргоҳи муштараки падофанди ҳавоии Хотамуланбиё ( с )-и Ҷумҳурии исломии Эрон аз тавлиду ҷойгузинии сомонаҳои падофандӣ(дифои зиддиҳавоӣ) хабар дод .

 Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , генерал Илҳомӣ дар бораи амалкарди падофанди ҳавоии Эрон дар ду ҷанги таҳмилии гузаштаи Амрико алайҳи Эрон ва истифода аз сомонаҳои эронӣ алайҳи анвоъи ҳавогардҳои душман , гуфт : Ҳамаи тавони худро бо баҳрагирӣ аз таҷрибаву зарфиятҳо ба кор гирифтем, то муассиртарин муқобиларо бо таҳоҷуми ҳавоии душман дошта бошем.
Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоии артиши Эрон афзуд : Ҷанги таҳмилии дувум таҷрибиёти хубе барои Эрон фароҳам кард, ки дар ҷанги баъдӣ ба кор гирифта шуд. Ҳама диданд ин асаргузорӣ дар ҷанги таҳмилии сеюми Амрико алайҳи Эрон бештар худро нишон дод ва дар ин ҷанг теъдоди қобили мулоҳизае аз паҳподҳои асаргузору роҳбурдӣ ва ҳамчунин ҷангандаҳои душманро мавриди исобат қарор додем.
Генерал Илҳомӣ хотирнишон кард : Ҳамакнун дар шароите ҳастем, ки бо такя бар зарфиятҳои 100 дарсади эронӣ пеш меравем ва сомонаҳои худро изофа мекунем; сомонаҳое, ки дар ҷанги таҳмилии сеюм имтиҳони хубе пас доданро  густариш медиҳем.