Июн 11, 2017 14:41 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Эрон ва Русия бо истифода аз зарфиятҳои минтақаи озоди Анзалӣ

Намояндагони утоқи бозаргонӣ ва саноеи Русия дар Эрон, дар дидор бо мудир омили минтақаи озоди Анзалӣ (шимоли Эрон), бар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар бо истифода аз зарфиятҳои ин минтақа таъкид карданд.

Ризо Масрур, мудир омили Созмони минтақаи озоди Анзалӣ дар дидори Александр Максимов, намояндаи утоқи бозаргонӣ ва саноеи Русия дар Эрон, зимни ташреҳи мазоё ва муофият ҳои минтақаи озоди Анзалӣ барои сармоягузорони хориҷӣ, омодагии ин минтақаро барои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои зерсохтӣ ва сармоягузории ширкатҳои русӣ дар муҷтамаи бандари Каспий дар бахшҳои сохти анбор ва сардхона эълом кард.

Мудир омили Созмони минтақаи озоди Анзалӣ гуфт, зарфият ҳои хубе дар заминаи тавсеаи ҳамкории ширкат ҳои ҳамлу нақл ва киштиронии Эрон ва Русия ва содироти маҳсулоти кишоварзии устони Гилон ба бозори Русия вуҷуд дорад, ки метавон аз он баҳра бурд.

Александр Максимов ҳам дар ин дидор пешниҳоди хоҳархондагии бандари Каспий ва бандари МАхачқалъаи Русияро матраҳ кард ва гуфт, давлати Русия тавсеаи муровидот бо Эронро дар дастури кор дорад ва ширкат ҳои русӣ низ аз ин мавзӯъ истиқбол мекунанд.

Максимов ҳамчунин тавсеаи ҳамкори ҳо дар заминаи бонкӣ бо Эронро бо таваҷҷуҳ ба иттисоли шабакаи бонкии Русия, ба шабакаи байналмилалӣ хостор шуд.

 

Барчасп