Июн 13, 2017 10:55 Asia/Dushanbe
  • Табрики раисҷумҳури Эрон барои сууди футболистҳои эронӣ ба Ҷоми ҷаҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар паёме твиттерӣ роҳёбии тими миллии футболи Эронро ба Ҷоми ҷаҳонии Русия табрик гуфт.

Ба иттилои Ирно, дар паёми твиттерии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон омадааст: Роҳёбии муқтадиронаи тими футболи Эрон ба Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия ҳамаи эрониёнро шод кард.

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ҳам пирӯзии Эрон баробари Узбакистон ва сууди торихии миллипушони Эрон ба Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русияро табрик гуфт .

ФИФА дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер бо табрики сууди миллипушони футболисти Эрон ба Ҷоми ҷаҳонӣ навишт: Эрон ба Бразилия ва Русияи мизбон дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 пайваст .

Тими миллии Эрон душанбе шаб бо пирӯзии 2 бар сифр баробари тими миллии Узбакистон дар чорчуби гурӯҳи аввали марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии Русия дар минтақаи Осиё ҷавози ҳузур дар Ҷоми ҷаҳониро касб кард.

 

Барчасп